Марзбонони узбак мегӯянд, рамаро ба Тоҷикистон пас додаанд

Марзбонони узбак мегӯянд, ба хотири ҳифзи “муносиботи созанда байни Узбакистону Тоҷикистон чорвои боздоштшударо ба ҷониби Тоҷикистон баргардондаанд.”
Аммо сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ин рама ва ҳамаи 5 чӯпони боздоштшуда то ҳол дар Узбакистон боқӣ мемонанд.

Намоз Қурбонхоҷаев, сокини деҳаи Моғиён ва падари яке аз 5чӯпони боздоштшуда убонҳои рабудашуда- Тӯлибой Қурбонхоҷаев - рӯзи 26 июн ба радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди хабарҳои умедворкунандае, ки марзбонони узбак имрӯз рама ва дастикам ду чӯпони синнашон зери 18 - Сӯҳроб Абдуллоеви 18-сола ва Довуд Ҳайдаровро, ки ҳамагӣ 14 сол доштааст, озод хоҳанд кард, онҳо ҳамчунон дар он сӯи марз ва сарнавишташон номаълум боқӣ мемонад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Намозбой Қурбонхоҷаев: Ҳанӯз касе раҳо нашудааст


Дафтари матбуоти Кумитаи ҳизби сарҳадоти давлатии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон рӯзи 26 июн дар як иттилоия, ки хабаргузории русии Интерфакс нашр кард, гуфтааст, дар ин авохир мавридҳои марзшикании шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи ду кишвар афзудааст. Ин ниҳод аз ҷумла мегӯяд, ки рӯзи 7 июн як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ бо камонҳои шикорӣ аз қаламрави Тоҷикистон вориди Узбакистон шуда, сокинони маҳаллӣ ва чорвои онҳоро ғасб карда, ба он сӯи марз бурд.

Мавриди дувум, бино ба ин хабар, рӯзҳои 14 ва 15 июн иттифоқ уфтода, гуфта мешавад, як воҳиди марзбонии Узбакистон 5 сокини Тоҷикистонро бо беш аз 1470 сар чорвое, ки дар қаламрави Узбакистон мечаронданд, бо иттиҳоми сарҳадшиканӣ боздошт кард. Ин дуруст ҳамон мавриди боздошти 5 чӯпон аз рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакент аст.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи марзбонони узбак, рӯзи 23 июн дар ноҳияи Бахмали вилояти Ҷиззахи Узбакистон марзбонони узбак тоҷикро боз дар айни чарондани чорво дар ҳудуди Узбакистон мушоҳида кардаанд. Кумитаи марзбонии Узбакистон мегӯяд, рӯзе баъд 3 нафари ношиноси мусаллаҳ дар ҳамин минтақа вориди қаламрави Узбакистон шуда, се чӯпони узбакро бо тақрибан 1500 сар чорво дастгир карда, талош кардаанд, ки он ҳамаро ба ҳудуди Тоҷикистон баранд.Аммо яке аз чӯпонҳо, бино ба ин манбаъ, фирор карда, ба марзбонон хабар медиҳад ва дар натиҷа, чӯпонҳоро озод кардаанд, вале марзшиканон тавонистаанд дар қаламрави Тоҷикистон пинҳон шаванд.

Марзбонони узбак гуфтаанд, тафтиши ин ҳама мавридҳои марзшиканӣ идома дорад, вале ба хотири ҳифзи “муносиботи созанда байни Узбакистону Тоҷикистон чорвои боздоштшударо тибқи тартиби муқарраршуда ба ҷониби Тоҷикистон баргардондаанд.”

Қаблан мақомот ва сокинони ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки рӯзи 15 июн марзбонони узбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо як рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба тарафи Узбакистон бурдаанд. Ба дунбол, раёсати нирӯҳои марзбонӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки дар робита ба ин қазия ба ҳамтоёни узбаки худ номаи расмӣ фиристодаанд.

Ҷамоати Моғиёни Панҷакенти Тоҷикистон бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон марзи муштарак дорад.

Намозбой Қурбонхоҷаев ба Озодӣ гуфт, ин 5 чӯпон ва рамаи онҳо иборат аз садҳо гӯсфанду 41 говро сарҳадбонҳои узбак шоми 15 июн, ҳангоми убури рама аз чарогоҳи марзии "Оқатоб" дастгир карда, ба тарафи «Шӯтқишлоқ»-и Узбакистон бурдаанд. Намозбой Қурбонхоҷаев дар посух ба саволи Озодӣ, ки оё сабаби ин чӣ буда метавонад, гуфт, бино ба овозаҳо, дар аввалҳои моҳи июн сокинони деҳаи марзии Фароби ноҳияи Панҷакент ба деҳоти ҳаммарзи Ӯзбакистон убур карда, ҳудуди 1700 сар гӯсфанди сокинони он минтақаро ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд. «Агар инҳо гӯсфандҳои ӯзбакҳоро намедуздиданд, мо, ки дуртар аз марз, дар Моғиён зиндагӣ мекунем, шояд ҷабр намедидем», - тахмин зад ҳамсӯҳбати мо.