Посухи марзбонони узбак дар бораи боздошти чӯпонҳои тоҷик

Марзбонҳои Узбакистон дар мулоқот бо ҳамтоёни тоҷики худ дар Панҷакент гуфтаанд, қазияи дастгир кардани чӯпонҳои тоҷик аз ҷониби вазорати дохилии ин кишвар дар ҳоли бозомӯзӣ қарор дорад.
Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент ба "Озодӣ" гуфт, рӯзи якшанбеи 23-юми июн масъулони сарҳадбонии Тоҷикистон дар Панҷакент ба ҳамтоёни узбаки худ мулоқот карда, раҳоии 5 чӯпони рабудаи тоҷикро дархост кардаанд.

Вай афзуд: «Сарҳадбонҳои Узбакистон гуфтаанд, ки парвандаро ҷиҳати бозбинӣ ба вазорати корҳои дохилии кишвари худ супурдаанд ва баъд аз тафтиш ва муайян кардани шахсияти чӯпонҳои тоҷик, онҳоро бидуни кадом мушкил ба ватанашон бармегардонанд. Онҳо гуфтаанд, ки чӯпонҳои тоҷик ҳудуди 3 километр ба қаламрави Узбакистон ворид шуда, ба ҳамин сабаб дастгир шудаанд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қазияи 5 чӯпони ва як рамаи рабудашуда аз Панҷакент



Ёдовар мешавам, бино ба маълумоти Ситоди нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, 5 чӯпони тоҷик, сокини ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент рӯзи 15-уми июн вақти чаро бо беш аз 1 ҳазор сар гӯсфанду гови худ ба Узбакистон бурда шудаанд. Ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон ҳамсарҳад аст.

Аммо Намоз Қурбонхоҷаев, сокини деҳаи Моғиён ва падари яке аз шубонҳои рабуда-Тулибой мегӯяд, чӯпонҳои тоҷикро ҳангоми чаронидани гӯсфандандон сарҳадбонҳои узбак дар қаламрави Тоҷикистон дастгир карда, ба Узбакистон бурдаанд. Ба гуфтаи вай, пеш аз ин ҳодиса гурӯҳи сокинони деҳаи марзии Фароби Панҷакент ба қаламрави Узбакистон убур карда, беш аз 1 ҳазор сар гӯсфанди узбакҳоро ба Тоҷикистон овардаанд ва эҳтимол, сарҳадбонҳои узбак дар посух ба ин амал чӯпонҳои тоҷикро бо молҳояшон рабуданд.

Вай рӯзи душанбеи 24-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз писарашу 4 шарики вай хату хабаре дарёфт накардаанд ва намедонанд онҳо дар куҷо ҳастанд ва чӣ ҳол доранд. Вай афзуд: «Аз ягон нафари онҳо ягон хабар нест. Ман шабу рӯз ба умед телефонамро хомӯш намекунам, ки шояд аз фарзандам ягон зангу паёме ба мо расонад. Аммо то имрӯз намедонем онҳоро куҷо бурдаанду дар куҷо нигаҳ медоранд.»

Ба гуфтаи мусоҳибам, масъулон ба пайвандони шубонҳои рабудашуда то ҳол ваъда медиҳанд, ки ҳатман чораҷӯӣ карда, фарзандони онҳоро аз асорати Узбакистон раҳо хоҳанд кард, аммо кори онҳо то ба имрӯз натиҷа надодааст.

Дастгир кардани чӯпону дигар сокинони марзӣ аз ҷониби марзбонҳои узбаку тоҷик ҳодисаи наве нест. Дар солҳои охир даҳҳо шаҳрвандон ба ин тарз дар марз боздошт шуда бо ҷурми «марзшиканӣ» зиндонӣ шудаанд. Хати марзи Тоҳикистону Узбакистон дар вилояти Суғд ҳанӯз муайян ва аломатгузорӣ нашудааст ва сокинони марзӣ ҳангоми чаронидани ҳайвоноти хонагиву ҳезумчинӣ ё сайёдӣ, гоҳе надониста ба қаламрави ҳамдигар ворид мешаванд.