Парлумони Қирғизистон санаи бастани Маркази интиқоли молу колои НАТО дар фурудгоҳи “Манас”-и шаҳри Бишкекро эълон кард. Вакилон ба тасмиме раъй доданд, ки бар пояи он 11 июли соли 2014 созиш миёни Қирғизистону ИМА дар бораи иҷораи ин Марказ лағв мешавад. Бар пояи қонун, мақомоти Қирғизистон бояд 180 рӯз қабл мақомомоти Амрикоро дар бораи бастани Марказ огаҳ кунанд. Акнун зери ин тасмими парлумон бояд раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имзо гузорад.
Маркази интиқол, ки бештар чун "пойгоҳи ҳавоии Манас" маъруф аст, нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистонро бо бору таҷҳизот таъмин мекунад. Дар Марказ, ки соли 2001 ифтитоҳ шуда буд, ҳазор афсару сарбоз хизмат мекунанд ва чанд ҳавопаймои амрикоӣ мустақар аст.