Субҳи имрӯз панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки қасди сафар ба Москву Екатеринбург доштанд аз фурудгоҳ баргардонида шуданд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, бинобар номувофиқ будани асноди сафар сокинони Тоҷикистон Қудратулло Қодиров, Абдуваҳҳоб Бӯриев, Мирзохӯҷаи Карим, Мусо Мусоев ва Анвар Сафаров аз фурудгоҳ баргардонида шуданд ва тибқи қонунҳои Русия то се соли дигар наметавонанад вориди қаламрави ин кишвар шаванд. Абдулло Қодирӣ ба нақл аз ин афрод гуфт, кормандони марзбонии Русия дар фурудгоҳои Домодедовои Москва ва Колтсоваи Екатеринбург онҳоро баргардонида ва барои нақзи қонунҳои ин кишвар ҷарима бастаанд. Дирӯз низ мақомоти интизомии Русия 17 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ карда буданд. Дар ҳамин ҳол Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки қасди сафар ба Русияро доранд хоҳиш кардааст,ки пеш аз сафар ба он кишвар ба Хадамоти муҳоҷират - Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.