Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рӯзи 18 июн бо Корпоратсияи миллии нафту гази Чин ва ширкатҳои «Тетис Петролиум» ва «Тотал» созишномаи иловагии тақсими маҳсулоти нафтиро ба имзо расонд. Дафтари матуботи вукумати Тоҷикистон мегӯяд, ин қарордод як қадами лигар ба сӯи ҳамкории фаъолтар бо ширкатҳои бузурги нафту газ хоҳад шуд.
Зери ин созишнома Шералӣ Гул - вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, Бо Челён -раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин, Девид Робсон - намояндаи «Тетис Петролиум» ва Майк Борел -намояндаи ширкати «Тотал» имзо карданд. «Тетис Петролиум» ахиран сеяки саҳмаш дар кони нафти Бохтарро ба «Тотал» ва сеяки дигарашро ба ширкати нафту гази Чин фурӯхт.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба нафту газро аз ҳисоби воридот бароварда мекунад. Ин дар ҳолест ки ширкати «Тетис Петролиум» соле пеш захираи танҳо кони Бохтарро 3,2 триллион метри мукааб газ ва 8,5 миллиард бушка нафту конденсат тахмин зада буд.