Дар Туркманистон баъд аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1991 бори аввал шахсе намояндаи порламон интихоб шуд, ки узви ҳизби ҳоким нест.
Овезмамед Мамедов узви ҳизби тозатаъсиси кормандони саноат ва соҳибкорон дар интихоботи миёндавраӣ дар вилояти Лебап воқеъ дар шарқи кишвар баранда шуд. Дар маҷмуъ интихобот барои 5 курсии холишудаи порламон баргузор гардид.
Дар давоми бештар аз 20 соли таърихи истиқлоли ин кишвар танҳо як ҳизб ба таври расмӣ сабти ном шуда буд ва он Ҳизби Демократ ном дошт, ки аз Ҳизби Куммунист ба Ҳизби Демократ сабти ном шуд.
Баъд аз изҳороти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур дар бораи зарурати ташкили низоми бисёрҳизбӣ дар Туркманистон моҳи август Ҳизби кормандони саноат ва соҳибкоррон ташкил шуд.