Оташсӯзӣ дар автобусе дар Чин боиси марги 47 кас шуд

Бар асари оташ гирифтани як автобус дар Чин 47 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хабаргузории Синхуа, ин ҳодиса аз сӯи мақомоти зидахл чун “ҷинояти басо ҷиддӣ” тафтиш мешавад.

Оташсӯзии автобус рӯзи ҷумъа дар шаҳри Сямин рӯй дод. 34 осебдида бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Полиси шаҳр иттилоъ дод, ки ҳангоми тафтиши ҳодиса як гумонбар дар оташ задани автобус ошкор шудааст. Ҷузъиёти дигар зери даст нест. Сямин - бузургтарин шаҳри бандарӣ дар соҳили гулугоҳи Тайван аст.

Чанд рӯз аз ин пеш бар асари сӯхтор дар фабрикаи паррандапарварии воқеъ дар шимолу шарқи Чин 120 нафар ҷон бохта буданд. Мақомоти тафтишотӣ қонуншиканиҳо дар бахши амнияти кормандонро ошкор намуда, ду тан аз раҳбарони коргоҳро боздошт карданд.