Маҳви як тонна маводи мухаддир

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳудуди як тонна маводи мухадирро маҳв кард. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки соати 09:00-и рӯзи ҷумъа Раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳудуди як тонна маводи мухадирро дар танӯри корхонаи «Текстилмаш»-и пойтахт дар оташ нобуд кард. Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, барои ин иқдом ҳамаи хабарнигорони дохилию хориҷиро даъват кардаанд то лаҳзаи ба оташкашидани маводи мухаддирро бо чашмони худ бубинанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бахши аъзами маводи мухаддирро ҳероин ва афюн ташкил медиҳад.