6 сарбози гурҷӣ дар Ҳилманди Афғонистон кушта шуданд

Низомиёни Гурҷистон мегӯянд, ки 6 сарбози онҳо дар ҳамлаи маргталабонае дар Афғонистон кушта шудаанд.

Генерал Ираклӣ Ҷнеладзе-раиси ситоди муштараки артиши Гурҷистон гуфт, ки ин сарбозон дар назди пойгоҳи худ дар вилояти Ҳилманд замоне ба қатл расидаанд, ки маргталабон рӯзи панҷшанбе мошини бамгузоришударо тарконданд.

Бино ба хабари ин манбаъ, чанд сарбози дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.