"Занги камолот" дар мактабҳо хоксорона хоҳад буд

Мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, фардо маросими «Занги камолот» дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, бе шӯру валвала ва хоксорона сурат хоҳад гирифт. Маҳмудхон Шоев, сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи вазорати маориф, ба хабаргузории «Ховар» гуфтааст, ки маросими мазкур дар тамоми макотиби кишвар аз соати 8 шурӯъ шуда ва як соат идома мекунад ва дар ҷараёни он дастовардҳои худи шогирдон ба намоиш гузошта мешавад ва суруду мусиқӣ дар васфи муаллиму мактаб садо хоҳад дод. Маҳмудхон Шоев таъкид кардааст, ки чун солҳои пешин хатмкунандагони мактабҳои миёна ҳақ надоранд, дар ин рӯз бо харҷи зиёд, зиёфат биёроянд, ба омӯзгорон ҳадя бидиҳанд ва ё ба хиёбонҳои шаҳр сайругашт бароянд. Вазорат ба муаллимону омӯзгорон дастур додааст, бар асоси муқаррарот сурат гирифтани маросими «Занги камолот»-ро назорат кунанд. Соли равон ба гуфтаи вазорат мактабҳои кишварро бештар аз 100 ҳазор нафар хатм хоҳанд кард.