Мақомот мегӯянд, бо гузашти 3 рӯз аз қатли 5 узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз ҳеҷ фарзияе дар робита ба ин қазия рӯи даст надоранд.
Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба куштори ваҳшиёнаи 5 узви як хонавода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳеҷ нафаре боздошт ва бозпурсӣ нашудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамакнун як гурӯҳи бузурги кормандони мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ва додситонии вилояти Суғд ҳамаҷониба таҳқиқот бурда, бо ҳамсояҳои хонаводаи кушташуда ҳамсӯҳбат шудаанд, аммо то ҳол ҳеҷ нафаре ҳамчун гумонбар боздошт нашудааст.
Муллоохӣ Рӯзиев, раиси шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷустуҷӯ ва таҳқиқоти ҳодиса идома дорад, вале ҳоло натиҷае ба даст наёмадааст: «Мо тамоми ҷораҳоро ҷуста истодаем, ки дастандаркорони ин ҳодисаро ба зудӣ ошкор кунем ва албатта барои халал науфтодан ба ҷараёни тафтишот, аз гуфтани баъзе иттилоъ худдорӣ мекунем.»
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Авесто" бо такя ба манобеъаш дар мақомоти тафтишотӣ хабар дод, ки ин ҷиноят метавонад ба ғорати бриллиантҳо рабт дошта бошад. Ба гуфтаи манобеъи "Авесто", хонаводаи Бобоевҳо, ки дар як бозори маҳаллӣ ба фурӯши тиловорӣ машғул буд, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз кушта шуданашон барои фурӯш як миқдор бриллиант оварда будаанд.
Ёдовар мешавем, ки соати чори субҳи 2 июн шахсони номаълум ба хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоев, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров ворид шуда, ӯ ва ҳамсараш Хаётхон, фарзандони ноболиғаш Сӯҳробҷон ва Рухшонаро бо аслиҳаи Калашников ба қатл расониданд. Онҳо ҳамчунин фарзанди дигари ин хонадон Санҷарбекро дар ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намуда, сипас дари сандуқи оҳанини дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, ба гуфтаи мақомот, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуданд.
Ин афрод барои рӯйпӯш намудани амали ҷинояткоронаашон бо истифодаи сӯзишвории бензин хонаи истиқоматии Аҳмадхӯҷа Бобоев оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Санҷарбек аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст.
Бино ба гузориши "Авесто", хонаводаи Бобоевҳо аз ноҳияи Ғончӣ буданд ва ҷанозаҳои ҳамаи 5 узви ин хонаводаро дар зодгоҳашон ба хок супурдаанд.
Ба дунболи ин ҳодиса, бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуд ва додситонии вилояти Суғд низ дар қиболи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.