Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли зану шавҳар ва 3 кӯдаки онҳо барои ҳамагӣ 30 000 доллар


Бозори фурӯши ҷавоҳирот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Бозори фурӯши ҷавоҳирот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Шахсони номаълум панҷ узви як хонаводаро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қатл расондаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки субҳи барвақти якшанбе афроди номаълум дар ҷамоати Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳама аъзои як хонаводаро ба қатл расонида ва барои намондани пайи ҷиноят, манзили онҳоро ба оташ кашиданд.


Қатли 5 узви як хонавода дар Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Дар иттилоияи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 3-юми июн нашр шуд, дар шарҳи ин ҳодиса омадааст:"Рӯзи 02.06.с.2013, соати 04:00-дақиқа шахсони номаълум бо яроқи оташфишон мусаллаҳ гашта, бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Аҳмадхӯҷа Норхӯҷаевич соли таваллудаш 1973, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, соҳибкор, ворид шуда, ӯро ва ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон Шукуровна, соли таваллудаш 1974, фарзандони ноболиғаш Бобоева Рухшона Аҳмадхӯҷаевна, соли таваллудаш 1997, хонандаи синфи 9-уми гимназияи №1, Бобоев Сӯҳробҷон, Аҳмадхӯҷаевич, соли таваллудаш 1998, хонандаи синфи 8-уми гимназияи №1-ро бо истифода аз яроқи оташфишони тамғаи АКМ-5,45-мм ба қатл расонида, фарзанди дигараш Бобоев Санҷарбек Аҳмадхӯҷаевич, соли таваллудаш 2007-ро ба ҳаммомхонаи ҳавлии истиқоматиаш маҳкам намуда, сипас дари сандуқи оҳанини дар хонаи истиқоматӣ ҷойгиршударо шикаста, тахминан ба маблағи 30 000 доллари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро тасарруф намуда, бо мақсади рӯйпӯш намудани амали ҷинояткоронаашон бо истифодаи сӯзишвории бензин хонаи истиқоматии шаҳрванд Бобоев Аҳмадхӯҷа Норхӯҷаевичро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ноболиғ Бобоев С. бошад аз дуди оташ заҳролуд гашта, дар ҳаммомхона ба ҳалокат расидааст."

Идораи пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Идораи пулиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Тибқи иттилои ин манбаъ, ҳамакнун бо фармони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи тафтишотӣ-оперативӣ таъсис дода шуда, муовини вазири корҳои дохилӣ роҳбари гурӯҳ мебошад. Дар қиболи ин ҳодиса додситонии вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоеви 40-соларову ҳамсараш Ҳаётхон Бобоева ва ду фарзанди онҳо, Сӯҳробҷон ва Рухшона, талабаҳои синфҳои 8 - у 9-ро бо силоҳи оташфишони Калашников ба қатл расонида, фарзанди дигари ин оила, Санҷарбек Бобоеви 6-соларо дар ҳаммоми хона маҳкам кардаанд, ки аз заҳри дуди оташ ба ҳалокат расидааст.

Вақте субҳи 3 юми июн ба маҳалли куштор дар шаҳраки Ғафуров рафтам, дар сари кӯчае, ки оилаи Бобоевҳо мезистанд, гурӯҳи кормандони интизомӣ посбонӣ мекарданд. Як манбаъи наздик ба тафтиши ҳодиса дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ҳамин тавр, роҳҳои атрофи хонаи сӯхтаи Бобоевҳо аз ҷониби кормандони интизомӣ, барои халал ворид нашудан ба тафтиши парванда ба сӯи бегонагон баста аст.

Дар бозори тозабозшудаи “Азиз”, воқеъ дар канори шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров, ки зану шавҳар Бобоевҳо он ҷо рӯзҳои якшанбе ба фурӯши тилло машғул будаанд, як фурӯшандаи ороишоти тиллоӣ ба Озодӣ гуфт, қатли ваҳшиёнаи ҳамкоронаш ҳама тоҷирони ҷавоҳирфурӯшро сахт ғамгин ва нигарон кардааст. “Ман бо он зану шавҳар шиноси наздик набошам ҳам, саломуалайк будам. Рафтору салому муомилаашон нағз буд. Онҳо фақат рӯзи бозори якшанбе барои савдо меомаданд ва ният доштанд, ки дӯкони худро кушоянд,”- афзуд вай.

Бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бозори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Дар ду соли охир ин бори сеюм дар вилояти Суғд оилаҳо аз сӯи ҷинояткорон ба хотири тасарруфи пулу дороии онҳо кушта мешаванд.

Моҳи августи соли 2011 ду нафар шабона ба хонаи саррофи 36-солаи истаравшанӣ Шӯҳрат Ҷалолов даромада, ӯву ҳамсарашро бо корд ба ҳалокат расонданд ва ҳудуди 30 ҳазор сомонӣ пули онҳоро ба яғмо бурданд. Мақомоти интизомӣ бо гумони даст доштан дар ин куштор Фахридин Мирбобоевро дар моҳи аввали гармии ҷустуҷӯ боздошт карданд ва додгоҳ ӯро ба ҳабси якумра бо мусодираи амвол маҳкум кард. Бино ба маълумоти раёсати корҳои дохилии Суғд, нафари дуюми гумонбар ба қатли саррофон, Мирзо Олимов, корманди дӯкони дигари саррофӣ дар Истаравшан бо шунидани хабари дастгир шудани шарикаш худро ба дор зада, ҳалок кардааст.

Моҳи декабри соли 2011 падару писар, Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳо, вақте ки аз дӯкони саррофии худ бармегаштанд, дар назди манзили зисташон дар маркази Хуҷанд аз сӯи афроди номаълум ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба гуфтаи раёсати корҳои дохилии Суғд, гурӯҳи махсуси таҳқиқотӣ, иборат аз кормандони интизомиву додситонӣ, омилони эҳтимолии куштори ин ду саррофро ҳам маълум намуда, таҳти пайгарди қонунӣ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG