Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар вилояти Владимири Русия бо иттиҳоми фурӯши нос ба додгоҳ кашондаанд. Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар ин вилоят гуфтааст, ки Сафарбек Сӯфибекови 38-сола ва Идибек Ҳидоятови 32-сола ба нақзи банди дувуми моддаи 238-уми Кодекси ҷиноии Русия (фурӯши маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии муштарӣ ҷавобгӯ нест) айбдор мешаванд. Ин банди қонун ба ҳайси муҷозот ҷарима ба маблағи аз 10 000 то 500 000 рубли русӣ ё то 6 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Аз 1 июн дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки истеъмоли носу сигорро дар маконҳои ҷамъиятӣ манъ мекунад.
Қаблан дар моҳи апрел дар вилояти Новосибирски Русия парвандаи 3 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми фурӯши беш аз 1 тонна нос ба додгоҳ супурда буданд.
Қаблан дар моҳи апрел дар вилояти Новосибирски Русия парвандаи 3 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми фурӯши беш аз 1 тонна нос ба додгоҳ супурда буданд.