Дар ғарби Афғонистон ду силоҳбадасти савори мотосикл раиси полисро ба қатл расонданд.
Шаби ҷумъа бар асари ҳамлаи силоҳбадастони савори мотосикл Абдулғанӣ-раиси полиси вулусволии Хоки Сафеди вилояти Фароҳ ба ҳалокат расид. Сухангӯи мақомоти вилоят Абдураҳмон Жавандай мегӯяд, Абдулғанӣ дар роҳ ба бемористон ҷон дод.
Абдулғанӣ дар вилояти Фароҳ амалиёт бар зидди Толибонро сарварӣ намуда, як идда толибони маҳаллиро дастгир карда буд.
Рӯзи шанбе вазорати мудофиаи Афғонистон низ изҳор намуд, ки дар вулусволии Баквоҳи вилояти Фароҳ дар натиҷаи таркиши бомбаи канори роҳ чор сарбоз ҳалок шудаанд.
Соли оянда нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии НАТО аз Афғонистон берун мешаванд. Бо наздикшавии ин сана ҳамлаҳои Толибон тавсеа меёбанд.