Аз фурӯшгоҳҳои танҳо ду ноҳияи вилояти Хатлон чаҳорсаду панҷоҳ литр машруботи спиртӣ мусодира шудааст.
Шералӣ Саидов, сухангӯи Идораи «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар гуфт, машруботи спиртии мусодирашуда ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқ набуда, аксаран дар сеху хонаҳои соҳибкорон сохта шудааст. Вай дар идома ба ташвиши мақомоти вилояти Хатлон таъкид кард, ки ба роҳ ёфтани машруботи спиртии ғайристандартӣ дар бозору дӯконҳои фурӯш рабт мегирад.
Ин миқдори машруботи спиртии худсохт дар навоҳии Хуросону Ҷомии вилояти Хатлон кашфу мусодира гардида, тоҷиронаш ҷарима баста шуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки табибони маҳаллӣ аз афзоиши шикоёти бемороне, ки дардашон бар асари истеъмоли машрубот шиддат гирифтааст, хабар медиҳанд. Ҳасан Пиров, пизишке аз бемористони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, истифода аз машруботи спиртӣ, бавижа машруботе, ки дар сехҳои худсохт таҳия мешавад, ба саломатӣ ниҳоят хатаровар аст:
«Ба ҷигари инсон хеле зараровар аст алкогол, ҳамзамон истеъмоли зиёди машрубот хунро ғафс мекунаду ба бемории ишемиявии дил ва батадриҷ ба сактаи қалб ҳам мерасонад. Тавсияи аслии мо ин аст, ки ҳаддалимкон аз машрубот кам истифода шавад. Бахусус барои беморони дил, беморони дорои гепатити С, В ҳам хеле хатаровар аст истеъмоли машруботи спиртӣ.»
Дар ҳамин ҳол, Қудратулло Муъминов, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, яке аз бародаронаш, ки майзада шуда буд, соле пеш бар асари истеъмоли машруботи худсохти бозорӣ сахт бемор шуд ва рӯ ба рӯ бо марг қарор гирифт. Ҳамакнун Қурратулло ҳар ҷое, ки фурӯши алкоҳоли шубҳанокро мебинад, ба гуфтаи худаш, дилаш ваҳм мехӯрад:
«Ҳамин дӯконҳоро маҳкам кунед, эй додар. Ҳамаро куштанд, касалӣ карданд бо ҳамин арақҳои худсохташон. Бисёр кори чатоқ аст. Азбаски ин арақи худсохт нархаш арзон аст, аксари ҷавонон, майпарастон аз он истифода мекунанду дучори бемориҳо мешаванд. Ана яке аз онҳо додари ман аст, хуни ҷигар шудем бо майзадагии ӯ. Арақи худсохти ғайристандартиро хӯрда, қариб мемурд. Базӯр духтурон аз марг наҷоташ доданд.»
Коршиносон мегӯянд, ҳарчанд Тоҷикистон дар қатори кишварҳое қарор гирифтааст, ки мардумонаш камтар аз ҳама машруботи алкоголӣ истеъмол мекунанд, ҳамоно бизнеси майу арақу оби ҷав дар ин кишвар «гарм»-у сердаромад маҳсуб мегардад. Маҳмадсафар Муродов, таҳлилгари маҳаллӣ, дар шарҳи ин вазъ гуфт, сабаби ба миён омадани сехҳои худсохти таҳияи машруботи спиртӣ дар музофотҳо афзоиши талабот аст.
«Ман таға дорам гуфта, ҳама минизаводу сехҳо кушодаанд, дар хонаҳояшон арақ истеҳсол мекунанд. Агар сифати ҳамон маҳсулоташонро санҷанд, 90 фоизаш об асту аксаран бе риояи техникаи бехатарӣ машрубот тайёр мекунанд. Магар беҳтар нест, ки ҳамон пули як истакон арақ як кило қанд харида, бо фарзандони худ як ҳафта қандчой нӯшем. Сехдорону тоҷирони машруботи худсохту ғайристандартӣ парвои саломатии мардумро надоранд, аммо чаро бояд худро кушем?!», - мегӯяд М. Муродов.
Аммо, ба иддаои мақомоти идораи «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон, бо вуҷуди талошу муборизаҳо, кашфи сехҳои худсохти машруботи спиртӣ ё дӯконҳои фурӯши ин маводи хатарзо ба сиҳатии одамон, мушкил аст, зеро тоҷирони ин маҳсулот бо ҳам иртиботи доимӣ дошта, агар як соҳибкори арақфурӯшро ошкор кунанд, ҳамон лаҳза тамоми арақфурӯшон ба гунае хабардор мешаванду маҳсулоти спиртиашонро аз чашми тафтишгарон пинҳон мекунанд.