Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Кобул 15 нафар аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфт, бомбгузори маргталаб рӯзи панҷшанбе ду мошини нерӯҳои хориҷиро ҳадаф гирифт, ки дар натиҷа ду сарбози амрикоӣ ва чаҳор корманди қарордодии онҳо кушта шуданд. Канишка Туркистонӣ сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон гуфт, ки дар ин ҳамла чанд ғайринизомӣ ҳам куштаву захмӣ шудаанд: “Назар ба гузорише, ки аз шифохонаҳои мо расида, дар ҳодисаи имрӯз ба теъдоди 9 тан кушта ва 39 тани дигар захмӣ шуданд.” Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон ин ҳамларо башиддат маҳкум кард. Масъулияти ин ҳамларо созмони ифротгарои Ҳизби Исломии Гулбиддин Ҳикматёр бар дӯш гирифт.