Оё милиса дигар "ҳабиби мардум" аст?

Бо ифтитоҳи ду «Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар шаҳри Душанбе рӯзи панҷшанбеи 16 май, мақомоти давлатии Тоҷикистон хостори таҳкими робитаи мардум бо кормандони пулис шуданд.
Ин дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҷомеа майли зиёде ба ҳамкорӣ бо кормандони умури дохилӣ нишон намедиҳад.

Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ дар расми ифтитоҳи ин марказҳо гуфт, талошҳои вазорат дар ин самт самимона буда ва ба манфиати ҷомеа равона гаштаанд. Вай фаъолияти телефонии «Боварӣ»-и вазирро намунаи ин ҳамкорӣ номид ва гуфт, ки «ҳамарӯза 10 нафар бо мушкилоти худ муроҷиат мекунанд, ки танҳо дар як соли ахир аз ин тариқ ҳудуди 600 ҷиноят бо ҳамкории мардум ошкор шудааст.»

Бо ин ҳам вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки ҳанӯз ҳамкории мардум бо милитсия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар ҳоле, ки ба таъкиди Рамазон Раҳимов, вай ахиран ба ин манзур мушовиреро дар умури робита бо ҷомеа таъин кардааст, то барои густариши ҳар чӣ бештари ҳамкории пулис ва мардум мусоидат кунад.

Аммо зимни маросими ифтитоҳи «марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа», ки бар иловаи намояндагони вазорати корҳои дохилӣ, Сюзан Эллиотт, сафири ИМА ва дигар аз бахшҳои ин корпуси дипломатӣ ширкат доштанд, суруди «Фидои қалби ғамхорат, милиса», садо медод, ки паёмеро дар бораи «ҳабиби мардум будани пулис» ба намоиш мегузошт.

Дар ин лазҳаҳо ин суол дар зеҳнҳо халқ мешавад, ки оё имрӯз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар воқеъ пуштибони амният ва ҳуқуқу манфиатҳои мардум ҳастанд ва мардум низ ба ин ниҳод эътимод дорад? Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе бар ин назаранд, ки эътимодашон ба пулис дар муқоиса ба даврони шуравӣ, коҳиш ёфтааст.

Қутбия Каримова, як сокини шаҳри Душанбе дар ин робита мегӯяд, «мардум ба кормандони пулис эътимод надоранд, чун онҳо бе маблағ кореро ба сомон намерасонанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо маош мегиранд, савганд хӯрдаанд. Дар вақти сар задании фоҷиае ҳам баъзан худи ҷабрдида метавонад аз ҷониби кормандони пулис гирифтори тӯҳмат шавад. Вақте чизе гум шавад, мардум аввал ба фолбину мулло муроҷиат мекунанд. Дар кӯчаю хиёбонҳо низ муносибати дурушти кормандони пулисро мушоҳида мекунем. Аз ин хотир мардум аз ҳамкорӣ бо мардум метарсанд.»

Ин аст, ки нозирони умур бар ин андешаанд, ки фасоди идорие, ки сохторҳои давлатии Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва вазорати корҳои дохилӣ ҳам як бахши муҳими он аст, сабаби адами эътимоди мардум ба ин ниҳодҳо шудааст.

Аҳмадшоҳ Комилзода

Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси тоҷик гуфт, «албатта як теъдоди мардум эътимод доранд ё дар бисёр маврид мехоҳанд бовар кунанд ва умедвор бошанд, ки пулис амнияташонро таъмин мекунад. Вале онҳо ҳар рӯз шоҳиди фасод мешаванд. Мо мушоҳида мекунем, ки мардум бо бисёр беэътимодӣ ба пулис нигоҳ мекунанд ва дар бештари маврид, вақте бо мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, ба пулис муроҷиат намекунанд. Мардум мегӯянд, пеши онҳо равед, пул талаб мекунанд, ҷиноятро ба қайд мегиранду коре намекунанд, тарафи зӯргӯҳову пулдорҳо мегиранду тарафи ҳақиқатро намегиранд.»

Ин дар ҳолест, ки Барфимоҳ Ғаниева, раҳбари созмони иҷтимоии «Хайрхоҳи замон», ки дар чорчуби лоиҳаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа фаъолият кардааст, мегӯяд, бояд ҷомеа ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ эътимод дошта бошад ва барои ҳифзи амнияташ аз онҳо истифода кунад. Ӯ афзуд, мо бо ин лоиҳа ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар доштем ва дидем, ки чӣ гуна ҳамкории мардум бо пулис натиҷаи хуб медиҳад.

Барфимоҳ гуфт, «эътимоди мардум ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз солҳои навадум коста шуд ва мардум дар симои онҳо танҳо «боевик» - ро медиданд. Шахсан ман дар симои милиса муҳофизи мардумро намедидам. Фикр мекардам, ки дар милитсия умуман одами хубу босавод кор намекунад. Аммо баъд аз он, ки бо ин лоиҳа кор кардем, фаҳмидам, ки дар байни пулис шахсони босавод ва ашхосе, ки воқеан ба хотири амнияти кишвар кор мекунанд, зиёданд. Вале милитсия худро хуб муаррифӣ карда наметавонад.»

Соҳибназарон мӯътақиданд, ки агар мардум бо милитсия ҳамкории мустаҳкам дошта бошад, ҷиноятҳо зудтар ошкор мешаванд ва сатҳи ҷинояткорӣ низ ба маротиб коҳиш мебад. Аммо дар ҳодисаи ахири гум шудани духтарчаҳо Малика ва Сабина дар шаҳри Душанбе талоши бештаре барои ҳамкории мардум бо кормандони пулис барои пайдо кардани ин кӯдакон сурат гирифт, ҳарчанд то ба ҳол ин талошҳо натиҷа надодаанд. Вазири корҳои дохилӣ, ки ин ҷиноятро назорат дорад, мегӯяд, ки корҳо барои пайдо кардани Малика ва Сабина дар ҳамкорӣ бо мардум ва ҳатто сафорати ИМА рӯи даст гирифта шудааст.

Зимнан, лоиҳаи таъсиси «марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа» аз соли 2010 маврид иҷро қарор гирифтааст, ки то кунун дар Тоҷикистон 8 чунин марказ фаъол шудааст. Қарор аст то охири соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи сафорати ИМА барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир панҷ маркази дигар низ дарҳои худро боз кунанд.