Табибон дар Амрико қисмате аз пистонҳои Анҷелина Ҷоли, ҳунарманди маъруфи Ҳолливудро буридаанд, то ба бемории саратони сина гирифтор нашавад. Ҳунарманди 37-сола дар мақолае дар рӯзномаи “Ню Йорк Таймс" навиштааст, ки табибон ба ӯ гуфтаанд, ки ҳуҷайраи ноқиси “BRCA1”-ро дорад, ки дар сурати мавҷудияти он, хатари гирифтории зан ба саратони синаро 87 дар сад ва хатари ибтило ба саратони раҳимро 50 дар сад бештар мекунад. Баъди ин ӯ ризоият додааст, ки пистонҳояшро бибуранд ва акнун хатари гирифториаш ба саратони сина танҳо 5 дар садро ташкил медиҳад. Модари Анҷелина Ҷоли дар синни 56-солагӣ аз саратони сина даргузаштааст. Ин ҳунарпеша, ки бо Бредд Питт, ҳунарпешаи дигари маъруф издивоҷ кардааст, аз ӯ се фарзанд дорад ва се кӯдаки дигарро ба фарзандӣ гирифтааст.