Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Нарзулло Аюбов, сокини 32-солаи маҳаллиро барои узвият ва ташвиқи ғояҳои ифротгароёнаи Ҳаракати Исломии Узбакистон ба 3,5 соли зиндон маҳкум кард.
.
Файзиддин Сафаров, додраси мурофиа гуфт, Нарзулло Аюбов аз соли 2010-ум ба ин сӯ, замоне, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошт, «мақсад ва фаъолияти ҷиноии созмони террористии «Ҳизби исломии Туркистон»-ро мақбул дониста, навори аудио ва видеоии фаровони мансуб ба ин ҳаракатро ҳифз кардааст». Додрас Сафаров афзуд, Аюбов пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бо мақсади барангехтани кинаю адовати миллию динӣ ва даъват ба фаъолияти террористӣ нашидаю наворҳои видеоии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистонро ба компутару телефонҳои афроди ғайр интиқол додааст.
Мувофиқи ташхиси кумиссиюни давлатии диншиносии вилояти Хатлон, дар компутарҳо ва телефонҳои мобилии мусодирашуда навори даъвату суханрониҳои Тоҳир Юлдошев, раҳбари Ҳизби исломии Туркистон, ки ҳамчун Ҳаракати исломии Узбакистон ҳам маъруф аст, сабт шудааст, ки дар он «Тоҳири Юлдош бо ҳаммаслаконаш оид ба масъалаи даъват ба ҷиҳод бар зидди ҷаҳони муосир сӯҳбат мекунад». Ҳамчунин кумиссиюни коршиносон дар фитаю наворҳои дигари мусодирашуда «сабтҳои хислати террористӣ, экстремистӣ, тундравӣ, қатлу ваҳшоният, нажодпарастӣ ва ташвиқу тарғиби ҷиҳод»-ро маълум кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Нарзулло Аюбов, нафари муттаҳам ба пайравӣ ба Ҳизби исломии Туркистон, дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ худро қисман гунаҳкор дониста, иқрор кардааст, ки ноогоҳ, дар Русия аз ҷавонони ношиносе чанд навори видеоиро гирифтааст. Ба гуфтаи Нарзулло Аюбов, дар ин наворҳо Тоҳир ном шахсе бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ амри маъруф ва мардумро ба ҷиҳод даъват мекардааст. Нарзулло афзуд, «азбаски дар баъзе наворҳо ном ва аксҳои шаҳидони роҳи ислом дар Тоҷикистон, ки дар ҷиҳод ҷон бохтаанд, сабт шуда буд, ӯ ин сабтҳоро дар флеш-картҳояш ҳифз кардааст».
Муфаттишони парванда мегӯянд, Нарзулло Аюбов ҳамчунин раҳбарии маркази хизматрасонии мавсум ба «Дилшод-86»-ро дар ноҳияи Шаҳритус ба уҳда доштааст, ки ба сабту нусхаафзоӣ ва фурӯши фитаю дискҳо машғул будааст. Муфаттишон дар компутарҳои ин маркази дилерӣ низ чанд навори видеоии мансуб ба Ҳизби исломии Туркистонро пайдо кардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, зимни таъйини ҷазо бори аввал ҷиноят содир кардану синну соли ҷавон ва ду кӯдаки хурдсолуа падару модари маъюбу бемор доштани мазнун ва ягона таъминкунандаи оила будану аз аъмоли кардааш пушаймон шудани Нарзулло Аюбовро ба инобат гирифта, ӯро ба се солу шаш моҳи маҳбаси низоми нигаҳдориаш умумӣ маҳкум кардааст. Бо ҳукми додгоҳ, Нарзулло Аюбовро ҳамчунин аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба истеҳсол, хариду фурӯши сабтҳои видео ва аудиовизуалӣ, ҳамчунин фаъолият дар интернет-кафеҳо ба мӯҳлати 3 сол маҳрум кардаанд.
Мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ дастикам 7 ҷавонро дар навоҳии Қубодиёну Шаҳритуси вилояти Хатлон бо айни иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт карданд. Аммо қазияи Нарзулло Аюбов нахустин муҳокимаи додгоҳии афроди боздоштшуда ба гумони узвият ва пайравӣ аз ин ҷунбиши мамнӯъи мазҳабӣ « дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар соли ҷорист. Соли гузашта 8 сокини дигари ноҳияи Қубодиён бо иттиҳомоти мушобеҳ дастгир ва аксарашон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд.
Таҳлилгарони маҳаллӣ надоштани шуғли муносибро яке аз сабабҳои аслии гаравиши ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ мехонанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари афроди боздоштшуда ба гумони узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон аз ҷумлаи узбактаборони навоҳии Қубодиёну Шаҳритус ва ҷавонони дорои маълумоти олӣ, аммо бекор будаанд.
Ҳаракати исломии Узбакистон барои таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад ва аксари кишварҳои дунё, аз ҷумла Амрико ин созмонро гурӯҳи террористӣ шинохтаанд. Фаъолияти Ҳаракати исломии Узбакистон дар қаламрави Тоҷикистон низ бо ҳукми Додгоҳи олӣ манъ шудааст.
Ин гурӯҳ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар водии Рашт паноҳ ёфта буд ва дар қатори нирӯҳои мухолифини тоҷик меҷангид. Вале баъди имзои қарордоди сулҳ, аъзо ва пайравонаш ба Афғонистон ва дар пайи шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар поёни соли 2001 аз онҷо ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд. Вале хабарҳои расида аз он сӯи Омӯ ҳокист, ки бархе аъзои ин гурӯҳ орзуи бозгашт ба Осиёи Марказиро то ҳол дар сар доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад