"Илтимос, дигар "облава" накунед"

Муҳаббат Бердиева дар бемористон

Зане, ки рӯзи гузашта ҳангоми фирори як ҷавон аз таъқиби кормандони коммиссариати низомии ноҳияи Восеъ дар деги чалпак сӯхта буд, ба худ омадааст.
Муҳаббат Бердиева, ки дар бозори марказии ноҳияи Восеъ «пирожки» мефурӯхт, бар асари чапа шудани деги рӯған чашму рӯй ва қисман шикаму пояш сӯхтааст ва дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи ноҳия бистарӣ аст.

Ин зан, ки тоза ба худ омадааст, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Равған гарм мекардам, ки ҳамин вақт чанд низомипӯш як ҷавонро пеш карданд. Ӯ хост, аз болои деги равған бипарад, ки пояш ба дег бархӯрд ва дег дар рӯи ман чапа шуд. Баъд фаҳмидам, ки он ҷавонро «облава» мекардаанд. Чор кӯдаки сағира дорам, агар мемурдам, Худо медонад, аҳволи онҳо чӣ мешуд. Ман ҳозир як хоҳиш дорам, ки илтимос, дигар «облава» накунанд.» Ин зан ягона саробони 4 фарзандаш аст, ки хурдиаш 6 сол дошта, калониаш хонандаи синфи 4 аст.

Ба гуфтаи табибон, 18 фоизи бадани Муҳаббат Бердиева сӯхтааст ва феълан дар ҳолати миёна қарор дорад. Бозоргул Каримова, модари ин зан мегӯяд, пизишкон ба онҳо гуфтанд, ки Муҳаббатро ройгон табобат мекунанд: «То ҳозир ягон чиз аз ҳисоби худамон сарф накардем ва ҳама аз ҳисоби беморхона ҳаст. Лекин сахт тарсидам ва то ҳол гӯшҳоям вазнин аст. Аз духтурон миннатдорам, вале гила аз онҳое дорам, ки чунин аҳволро ба сари духтари бечораам оварданд.»

Пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ изҳор доштанд, ки рӯзи гузашта ду нафари дигар, як духтарчаи хурдсол ва як ҷавони дигар бо аломатҳои сӯхтагӣ муроҷиат карданд, вале чун ҷароҳати онҳо сабук буд, бистарӣ нашуданд. Шоҳидон мегӯянд, ин ду нафар низ дар ҳамон деги чапашудаи равған ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо Раҳматулло Иброҳимов, комиссари ҳарбии ноҳияи Восеъ сар задани чунин ҳодиса бо айби кормандони худро рад кард ва гуфт, ки ин танҳо як овоза аст.

Дар ин шабурӯз дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин маърака аз 1 апрел то 31 май идома мекунад. Вале ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, коммиссариатҳои низомӣ дар маҳаллҳо ба хотири иҷро кардани нақшаи даъват то ҳол аз усули “облава” истифода бурда, ҷавонони зоҳирашон мувофиқ ба синну соли даъватиро аз кӯчаву бозорҳо “шикор” мекунанд. Бархе мегӯянд, ин мавсим як навъ мавсими пулкоркунии ходимони фасодзадаи мақомоти интизомӣ ҳам шудааст, ки ҷавононро аз кӯчаву бозорҳо ҷамъ оварда, сипас аз волидони онҳо барои раҳоӣ аз хидмати артиш пул талаб мекунанд.

Синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27-солагӣ муқаррар шудааст. Ҷамъи ҷавонони ин синну сол то 600 000 нафар баршумурда мешавад, вале дар ҳар мавсими даъват ба артиш маъмулан то 15-16 000 нафар ба хидмат сафарбар мешаванд.