Ба думболи даргузашти як зиндонии ҳиндӣ дар Покистон, Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд, хостори адлу инсоф аз он кишвар шуд. Сарабҷит Сингҳ, ки бо гуноҳи ҷосусӣ дар Покистон зиндонӣ шуда ва 16 соли умрашро онҷо сипарӣ карда буд, чанде пеш дар аз тарафи зиндониён дар шаҳри Лоҳур бераҳмона латукӯб шуд ва рӯзи панҷшанбе даргузашт. Бино ба гузоришҳо, зиндониён ба сари ӯ бо хишт задаанд ва ҳамин зарба барояш марговар будааст. Сарабҷит Сингҳро бо гуноҳи даст доштан дар силсилаи бомбгузориҳо дар Вилояти Панҷоб дар соли 1990 ба қатл маҳкум карда буданд. Дар он ҳамлаҳо 14 нафар кушта шуданд. Хонаводаи Сингҳ мегӯяд, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе надошт. Маҳмоҳан Сингҳ дар саҳифаи худ дар Твиттер аз мақомоти Покистон хостааст, омилони ҳамлаи “ваҳшиёна” ба шаҳрванди кишварашро ба муҳокима бикашад.