Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дусола шуд

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дувумин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт.

Ин хадамот бо фармони президенти Тоҷикистон аз ҳисоби шӯъбаҳои марбутаи вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷимоии аҳолӣ ва сафаротҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ташкил шудааст.

Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ин мнависда, бозори меҳнати ҷаҳонӣ сол то сол пуршиддат мегардад ва барои рақобатпазир будани шаҳрвандони кишварамон дар бозори меҳнати байналмилалӣ ва аз он ҷумла, дар бозори меҳнати дохили мамлакат, тайёр кардани мутахассисони соҳавӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии шаҳрвандон зарур мебошад.

Бо ин ҳадаф Тоҷикистон «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» қабул карда, мавриди иҷро ва назорати доимӣ қарор гирифтааст.

Ҳамзамон хадамоти муҳоҷират иброз доштааст, ки бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ба касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаро гирифтани муҳоҷирон, инчунин барои пурзӯр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии кишвар, бо вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аграрӣ, омӯзгорӣ, технологӣ ва дигарҳо созишномаю нақшаи чорабиниҳоро ба имзо расонидааст ва итминони комил дорад, ки хизматрасонӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар мегардонад.