Ҳамла болои рӯзноманигори қазоқ муҳокима мешавад

Дар шаҳри Орали Қазоқистон муҳокимаи пешакии чор фарди муттаҳам бо ҳамла болои як рӯзноманигори маъруфи қазоқ доир шуд. Луқмон Аҳмадёров-хабарнигори ҳафтаномаи “Уралская неделя” моҳи апрели соли 2012-ум аз зарби корд ва тири таппончаи травматикӣ захм бардошта буд.

Чор муттаҳам дар моҳи ноябр дастгир шуданд. Аҳмадёров мегӯяд, ҳамла бо кори рӯзноманигории ӯ робита дорад. Моҳи июли соли гузашта Аҳмадёров бо тӯҳмати як мансабдори маҳаллӣ айбдор дониста шуда, мебоист ба ӯ муодили 33 ҳазор доллар ҷарима диҳад.

Моҳи ноябри соли гузашта бошад, додгоҳ ӯро бо тӯҳмати як афсари полиси молӣ айбдор дониста, ба маблағи муодили 7700 долари амрикоӣ муҷозот намуд. Муҳокимаи афроди муттаҳам бо ҳамла болои Аҳмадёров рӯзи 14-уми май оғоз меёбад.