Дар Тоҷикистон "маргталабон" боздошт шудаанд?

Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятии Тоҷикистон тайи чаҳор моҳи гузашта дар қаламрави кишвар 75 нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ боздошт кардаанд. Дар баёнияе, ки Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон аз ҷумла ба Радиои Озодӣ фиристодааст, гуфта мешавад, ду афсари Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 27 апрел дар мулоқот бо донишҷӯён аз хатароти тундгароӣ ва терроризм сӯҳбат карда ва гуфтаанд:“Дар муддати 4 моҳи соли равон 75 нафар аъзои созмонҳои террористӣ боздошт гардиданд, ки дар миёни онҳо худкушон низ ҳастанд.” Аммо маълум нест, ин афрод узви кадом созмон ҳастанд ва дар куҷо боздошт шуданд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки “то ин муддат бештар аз 500 нафар пайрави Ҳизб-ут-Таҳрир дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд." Афсарони тоҷик дар мулоқот бо донишҷӯён ҳушдор додаанд, ки фирефтаи созмонҳои ифротгаро, мисли Ҳизб-ут-Таҳрир, ҷараёни Салафия, Ҷамоати Таблиғ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҳаракати Исломии Узбакистон, Толибон ва Ал-Қоида нашаванд, ки “зери ниқоби дини ислом ҳадафҳои ношоистаро амалӣ мекунанд.” Дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мулоқоти кормандони кумита бо донишҷӯёнро таъйид карданд, вале шарҳи омори мазкур худдорӣ варзиданд.