Низомиёни ИМА мегӯянд, шумораи гуруснанишинон дар байни маҳбусони зиндони Гуантанамо афзоиш ёфтааст. Рӯзи ҷумъа полковник Семюэл Ҳаус гуфт, ки се нафари дигар рӯзи панҷшанбе ба гуруснанишинӣ ҳамроҳ шуданд ва ҳоло шумораи гуруснанишинон ба 97 кас баробар шудааст. Ба гуфти ин низомии амрикоӣ ба воситаи найча ба ҷисми 19 нафар аз гуруснанишинон моеъ ворид карда мешавад, то онҳо вазни худро аз даст надиҳанд. Ӯ илова кард, ки 5 маҳбуси гуруснанишин ба бемористони пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Гуантанамои Куба интиқол ёфтаанд. Гуруснанишинӣ дар зиндони Гуантанамо моҳи феврал баъди таҳқиқи нусхаҳои Қуръони маҳбусон оғоз ёфт. Нозирони зиндон хавф доштанд, ки дар дохили Қуръон моли қочоқӣ пинҳон мебошад. Дар зиндони Гуантанамо 166 маҳбус нигаҳ дошта мешаванд. Аксари онҳо то ҳанӯз расман бо чизе муттаҳам нашудаанд. Вакилони мудофиаи маҳбусон исрор меварзанд, ки низомиён шумори маҳбусони гуруснанишинро аз будаш камтар нишон медиҳанд.