Додгоҳ амр дод, Мушарраф дар ҳабси хонагӣ бимонад

Як додгоҳи Покистон амр додааст, ки Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури собиқи ин кишварро дар робита ба сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто, нахуствазири пешин дар соли 2007 барои чаҳор рӯз ба ҳабси хонагӣ бигиранд. Додгоҳи шаҳри Равалпиндӣ ба додситонҳо амр додааст, то чаҳор рӯзи дигар Парвиз Мушаррафро дар бораи ин қазия бозпурсӣ кунанд. Беназир Бҳутторо ҳангоми маъракаи интихоботиаш дар Равалпиндӣ куштанд ва Мушаррафро ба он муттаҳам мекунанд, амнияти лозим барои хонум Бҳутторо таъмин накардааст. Парвиз Мушарраф, ки дар додгоҳ ҳузур дошт, бар асоси амри дигаре то рӯзи 4 май дар ҳабси хонагӣ хоҳад буд. Ӯро ҳамчунин ба эъломи вазъи фавқуллода ва аз мақомҳояшон барканор кардани додрасҳои Додгоҳи Олӣ дар соли 2007 муттаҳам мекунанд. Мушарраф, ки аз роҳи табадуллот ба қудрат расида буд, баъди чаҳор соли ғурбат, моҳи гузашта ба хотири ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи май ба Покистон баргашт.