Ҳалокати 18 нафар дар Сулаймонбеки Ироқ

Дирӯз дар як даргирӣ дар Сулаймонбек, воқеъ дар шимоли Бағдод, 18 нафар, бо шумули 10 чирикӣ ва 5 сарбоз кушта шуданд. Мавҷи нави хушунатҳо Ироқро дар пайи амалиёти 2 рӯз пеши артиш алайҳи эътирозгарони суннӣ дар шаҳри Ҳавиҷа фаро гирифт. Дар он амалиёт дастикам 23 тан ҷон бохтанд. Дар даргириҳои баъдӣ ва ҳамлаҳои зоҳиран интиқомҷӯёна алакай беш аз 50 кас ба ҳалокат расидаанд. Ин хунинтарин авҷи хушунатҳо тайи 4 моҳи эътирозҳои сунниҳост, ки алайҳи, ба гуфтаи худи онҳо, таъқиби ин ақалияти мазҳабӣ аз сӯи давлати таҳти раҳбарии шиъаҳои Ироқ эътироз доранд.