Ташрифи ду мансабдори воломақоми ИМА ба Тоҷикистон

Муовини ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейсӣ ва муовини ёвари вазири умури хориҷӣ дар умури демократия, ҳуқуқи башар ва кор Ҷейн Зиммерман ин ҳафта вориди Тоҷикистон мешаванд.

Ба иттилои сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе, дар ҷараёни сафар мансабдорони воломақоми Амрико бо намояндагони ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳанд дошт.