Даъвати ҲНИТ аз Э. Раҳмон барои иштирок дар ҷашни 40-солагии ин ҳизб

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ширкат дар маросими таҷлил аз 40 солагии таъсисёбии ин ҳизб, президент Эмомалӣ Раҳмонро раcман даъват кард.
Ҳикматулло Сайфуллозод, сухангӯи ин ҳизб рӯзи 24 апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки ба муносибати 40 солагии таъсисёбии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки қарор аст дар маҷлисгоҳи қароргоҳи марказии ин ҳизб дар Душанбе доир шавад, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро расман даъват кардаанд.

Ҳикматулло Cайфулозода афзуд, ки ба ин маҷлис нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов, раиси Маҷлиси олӣ ва шаҳрдорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва бархе вазирону мақомдорон расман таклиф шудаанд: «Мо даъватномаҳоро расман ба қабулгоҳи Дастгоҳи президент ва идораҳои дигар расонидем, вале ҳанӯз посухи ширкатро нагирифтаем.»

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 40 солагии ҳизб аз хориҷи кишвар беш аз 200 меҳмонро даъват кардааст. Аммо тавре раҳбарияти ҲНИТ таъкид мекунанд, мушкилоти марбут ба раводиди сафар ба Тоҷикистон, иқдоме барои пешгирӣ аз ҳузури меҳмонони хориҷӣ дар ҷашни 40-солагии ин ҳизб мебошад. Намояндаи ин ҳизб мегӯяд, ба ин ҷашн, ки қарор аст, рӯзи 27-уми май баргузор шавад, 170 нафари меҳмонони хориҷӣ изҳори омодагӣ ба сафари Тоҷикистонро кардаанд, вале имкон дорад, камтар аз сеяки онҳо тавонад дар ҷашни ҲНИТ ширкат кунад.