Дидбонгоҳ барои ҳифзи шӯроободиён аз қочоқчиёни афғон

Ба хотири таъмини амниятӣ сокинони як деҳаи наздимарзӣ дар Шӯрообод аз ҳамлаи эҳтимолии қочоқчиён, дидбонгоҳи марзӣ таъсис ёфтааст. Қаблан, сокинони Деҳи-Қозӣ, деҳае дар марзи Афғонистон бо ирсоли як нома ба Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, хостори таъсиси як дидбонгоҳи муваққатӣ дар назди деҳа шуда буданд. Сокинон дар номаи худ навишта буданд, ки «шоми 21-уми март марзшиканони мусаллаҳи афғон аз чарогоҳи мавсимии аҳли деҳ дар мавзеи Дулоба 4 сокини деҳаро бо дастони баста ба гарав бурданд. Пас аз 5 километр роҳ сокинон бо забони русӣ, забони барои афғонҳо ношинос, машварат карда, ба хулосае меоянд, ки ба афғонҳои силоҳбадаст ҳамла кунанд. Дар натиҷаи муқовимат се қочоқчӣ ва як сокини ин деҳ бо номи Пирназар Исматов ҳалок мегардад.»

Дар поёни нома сокинон навиштаанд, ки аз ҳодисаҳои қаблии марзӣ медонанд, ки гурӯҳҳои марзшикани силоҳбадасти афғон кушта шудани се ҳамроҳашонро дарднок қабул мекунанд ва ҳатман дар пайи қасос хоҳанд афтод. Аз ин рӯ, онҳо хоҳиш кардаанд, то дар назди деҳа посгоҳи муваққатӣ таъсис дода шавад, зеро эҳтимоли ҳамлаи шабонгоҳии марзшиканони афғон вуҷуд дорад.

Ҳоло сокинон мегӯянд, бо омадани сарбозони марзбон ба деҳа амнияти худро таъминшуда меҳисобанд ва дигар аз ҳамлаи эҳтимолии қочоқчиён дар ташвиш нестанд. Шӯрообод беш аз 140 километр марзи душворназорат бо Афғонистон дорад, ки пайваста дар ин ҳудуд ҳодисаҳои марзшиканӣ сабт мешавад. Аммо кушта шудани се марзшикани мусаллаҳ бо дасти сокинони Деҳи-Қозӣ, ки бесилоҳ будаанд, ҳодисаи нодир арзёбӣ мешавад.