Паёми 14-уми Эмомалӣ Раҳмон. Мардум мехоҳанд президент чӣ бигӯяд?

Эмомалӣ Раҳмон - президенти Тоҷикистон

Мардум мехоҳанд аз президент паёмеро бишнаванд, ки фарогири чолишҳои нави дохилии Тоҷикистону ҷаҳон бошад.
Вагарна “ҳифзи сулҳ ва ваҳдату якпорчагӣ” ва “аз даст надодани зиракии сиёсӣ" суханҳоеянд, ки тақрибан дар ҳар паём такрор мешаванд.

26 апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба иҷлосияи муштараки ҳар ду маҷлиси парлумон паём мефиристад. Дар остонаи ин паём ҳоло дар ҷомеа ин назарҳо ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва баъзе талошҳои рӯшанфикрон дар паёми имсола ба чӣ масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ хоҳад шуд. Оё ин паём аз паёмҳои пешин фарқ дорад ва ё аҳамияти паёмҳои президент чист?

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари умури сиёсии Тоҷикистон, мегӯяд, вай интизор аст, ки паёми оянда “паёми ислоҳотӣ” бошад:
:
“Ман фикр мекунам, ки паёми навбатӣ ва ё паёми 14-уми президент Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, бояд паёми ислоҳотӣ бошад, ки дигар Тоҷикистон ба он шакл ва вазъи қаблии худ пеш рафта наметавонад ва мушкилоти Тоҷикистон дар бештари маврид аз мансабдорони сатҳи миёна аст ва додани ана ҳамин гуна паём дар ҳамин шабурӯз барои президент Эмомалӣ Раҳмон хеле муҳим хоҳад буд.”

Бо ин суханон Раҷаби Мирзо интихоботи навбатии раёсати ҷумҳуриро дар назар дорад, ки моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд. То ҳол наҳваи ширкати ҳукумат дар ин интихобот рӯшан нест ва президент бояд дар паёми худ ин нуктаро рӯшан кунад. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар Белгия изҳор дошт, ки вай ҳамчун кафили иҷрои Қонуни Асосӣ баргузории интихоботи шаффофу одилонаро таъмин хоҳад кард.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, дар паёми президент ин масъала ҷалби таваҷҷуҳ хоҳад кард. Вале вай бовар надорад, ки дар интихоботи оянда мақомоти давлатӣ ё ҳукуматӣ дар интихобот худро бетараф бигиранд, агар раиси ҷумҳури кунунӣ номзадиашро пешбарӣ кунад:

“Ман фикр мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон низоми интихоботиро тағир нахоҳад дод, зеро ин низом идомаи раҳбарии вайро таъмин мекунад. Агар вай дар паём бигӯяд, ки ду-се моддаи муҳими қонуни интихоботро тағир диҳанд, дигаргунӣ хоҳад шуд. Вале ман фикр мекунам, ки чунин нахоҳад шуд ва паёми кунунӣ низ мисли паёмҳои пеш ва иҷрои амалии он камтар хоҳад буд.”

Масъалаи дигаре, ки дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон ба назар мерасад, супоридани андоз ё молиёт аст. Бо вуҷуди ин ки дар солҳои ахир навъҳои андоз аз 21 то ба 10 навъ поин оварда шуд, вале мизони он боло рафтааст ва он рушди соҳибкориро маҳдуд мекунад. Қодекси нави андоз баъд аз тасвиб дар парлумон ва имзои раиси ҷумҳур аз аввали соли ҷорӣ ба иҷро даромад.

Раҷаби Мирзо, ки дар ин рӯзҳо дар ҳавзаи интихоботии шумораи 39-и ноҳияи Восеъ бо интихобкунандагон маъракаи интихоботиашро пеш мебарад, мегӯяд, мардум дар мулоқотҳо бештар ҳамин масъаларо матраҳ мекунанд ва хуб аст, ки агар президент дар ин бора пешниҳодҳои тозае дар паёми худ дошта бошад:

“Махсусан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба тозагӣ ин кодекс ба дасташон расидааст, мавзӯи рақами як аст ва он мушкилоти кодекси нави андоз мебошад. Ман фикр мекунам, ки ба ҳамин кодекс дар паёми президент ҳатман ишораҳое хоҳад шуд ва ин кодекс ниёз ба ислоҳ дорад.”

Ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон бар ин ақида аст, ки бояд шеваи мудирият дар зинаҳои миёна ва поёнии раҳбарӣ тағир ёбад, зеро масъулони ин зинаҳо дар зери боли раиси ҷумҳур паноҳ бурдаанд ва гоҳо аз номи президент суҳбат мекунанд. Вале иҷрои нукоти паёмҳои раиси ҷумҳурро, ки ба ҳамин зинаҳо вобаста аст, аз мадди назар дур мегузоранд. Дар иҷрои нукоти паёмҳои барномавӣ ва нақшаҳои давлатӣ аз вазоратҳо то ба зинаҳои поин бояд масъул бошанд.

Ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, “эҳсос мешавад, ки имрӯз дар командаи президент Эмомалӣ Раҳмон ононе ҷамъ шудаанд, ки на танҳо наметавонанд мардумро ба сиёсатҳои ҳукумат моил кунанд, балки мардумро аз ҳамин сиёсатҳо дуртар мебаранд. Ҳар нафаре, ки ба ин ё он мақом баргузида мешавад, пеш аз ҳама, бояд зарфиятҳои ақлониву зеҳнии вай дар назар гирифта шавад, ки то куҷо вай ин ё он сиёсати ҳукуматро ба мардум дуруст расонда метавонад. Вале ононе ҳастанд, ки дар баъзе мавридҳо ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи дохилӣ шармсор мекунанд. Онҳо бо ҳарфҳои хандаовари худ мавриди мазаммату масхара қарор мегиранд.”

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, ононе, ки паёми раиси ҷумҳурро таҳия мекунанд, шояд ҷуръат намекунанд, ки мушкилоти аслии ҷомеаро ба президент бирасонанд ва ё шояд зарфияти ҳамин корро надоранд. Барои ҳамин Зафар Абдуллоев мегӯяд, борҳо мушоҳида шудааст, ки раиси ҷумҳур дар паёмҳои худ бидуни коғаз дар бораи мушкилоти ҷомеа беҳтар ва бо эҳсосот суҳбат мекунад ва дар оянда шояд паёмнависон ин имконотро бештар дар ихтиёри президент гузоранд, то вай камтар матни таҳияшударо бихонад ва бештар фикру ақидаҳои худро ба ҷомеа расонад.

Ҷорӣ кардани шаффофият дар дороиҳои аъзои ҳукумат низ аз масъалаҳоест, ки метавонад боварии ҷомеаро ба ҳукумат бештар кунад ё баръакс ва ин масъаларо ҷомеашиносони тоҷик аз солҳо пеш ҳамеша матраҳ мекунанд. Ҳоло дар Русия президент ва нахуствазир дороиҳои худро эълон кардаанд ва дастуре содир шудааст, ки дигар мақомоти ҳукуматӣ наметавонанд дороиашонро дар хориҷ аз кишвари худ сабти ном намоянд ва дар бонкҳои хориҷӣ ҳисоб боз кунанд. Дар Тоҷикистон низ шояд ин фурсат фаро расидааст ва раиси ҷумҳур дар паём ба ин масъала таваҷҷуҳ кунад.

Вале дар байни мардум ин сару садоҳо низ ҳаст, ки мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон дороиҳои худро ба номи наздикону хешовандонашон сабт кардаанд ва инро худи раиси ҷумҳур низ медонад. Ҳукумати Тоҷикистон дар бештари фаъолиятҳои худ аз Русия ва кишварҳои аврупоӣ пайравӣ мекунад. Дар Фаронса вазири будҷа барои доштани ҳисоб дар бонки Суис, яъне бонки хориҷӣ, дар ҳамин рӯзҳо ба истеъфо рафт. Русия мегӯяд, ҳар мақоми давлатӣ ё ҳукуматӣ ва намояндаи парлумон, ки дар хориҷ ҳисоби бонкӣ дорад, бояд ба истеъфо равад ё шаффофиятро таъмин кунад ва дороиҳои молияшро дар бонкҳои кишвари худ гузорад. Вале дар Тоҷикистон чӣ тавр? Шеваҳои “санҷидашуда” идома хоҳанд ёфт ё раиси ҷумҳур “паёми ислоҳотӣ” ироа мекунад ва вазъро тағир медиҳад?

Коршиносон ба ин камтар бовар доранд. Масалан, яке аз охирин паёмҳои раиси ҷумҳур ба 21-солагии истиқлоли Тоҷикистон ихтисос дошт. Ҳарчанд коршиносон аз ин паём интизороти зиёд доштанд, вале он чун паёмҳои қаблӣ буд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, роҷеъ ба ин паём ба радиои "Озодӣ" гуфта буд, "он чӣ дар паём садо дод, ғоя ё идеяе аст, ки ҳанӯз дар 20 соли пеш шакл гирифтааст.” Мардум мехоҳанд аз раиси ҷумҳур паёмеро бишнаванд, ки фарогири чолишҳои нави дохилии Тоҷикистон ва минтақаву ҷаҳон бошад. Вагарна “ҳифзи сулҳ ва ваҳдату якпорчагӣ”, “аз даст надодани зиракии сиёсӣ”, “ ба умеди бегонагон нашудан” аз суханҳое ҳастанд, ки тақрибан дар ҳар паём шунидан мумкин аст.