Таркиши маргталабона дар як раҳпаймоии пешазинтихоботӣ дар шаҳри Пешовар дар шимолуғарби Покистон дастикам 9 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Ин гирдиҳамоӣ дар пешорӯи интихоботи саросарии 11 май аз сӯи ҳизби Авомӣ(ANP) даъват шуда буд. Сухангӯи Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст. ANP яке аз 3 ҳизби дунявиест, ки дар ҳукумати ахири Покистон нақши аввал доштанд. Ҳизби ҳокими вилояти Хайбар-Пахтунхва – яке аз пойгоҳҳои Толибон- низ ҳамин ҳизб буд. Ғуломаҳмад Билӯр, узви аршади ANP ва вазири собиқи роҳи оҳан аз ин ҳамла бо захмҳои хурде ҷон ба саломат бурд. Ин чорумин ҳамлаи хунин алайҳи сиёсатмадорон ва аҳзоби сиёсӣ дар Пешовар танҳо дар 3 рӯзи охир буд.