СММ вазъи маводи мухаддир дар Тоҷикистонро муаррифӣ кард

Afghanistan -- Opium poppy farmers score poppies during a harvest in Sistani, Helmand Province, 05May2011

15 апрел дар шаҳри Душанбе гузориши солонаи Кумитаи байналмиллалии назорат бар маводи мухаддири вобаста ба СММ муаррифӣ шуд.
15 апрел дар шаҳри Душанбе гузориши солонаи Кумитаи байналмиллалии назорат бар маводи мухаддири вобаста ба СММ муаррифӣ шуд.Ин гузориш вазъи маводи мухаддир дар ҷаҳон, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистонро дар бар мегирад. Бахши тоҷикистонии ин гузориш дар ҳамкорӣ бо Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ва бо кӯмаки молии намояндагии САҲА дар Душанбе таҳия шудааст.

Бобоҷон Шафеъ-намояндаи дафтари матбуотии ин ожонсӣ ба радиои Озодӣ гуфт, “ҳамаи далелу асноде, ки дар гузориши Кумитаи байналмиллалии назорат бар маводи мухаддир истифода шудааст, аз таҳлилҳои бевоситаи худи Тоҷикистон, ба вижа аз таҳлилҳои Ожонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон бармеояд ва гузориши ҳамоҳангшудаест”.

Дар гузориш омадааст, ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Ожонси назорат бар маводи мухаддир 314 нафар шаҳрвандони хориҷиро дар давоми соли 2012 боздошт кардаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Афғонистон будаанд. Ҳамчунин шаҳрвандони Қирғизистон, Узбакистон, Русия, Қазоқистон ҳастанд. Дар миёни онҳо 5 нафар шаҳрвандони Эрон низ будаанд.


Бобоҷон Шафеъ

Бобоҷон Шафеъ мегӯяд, шаҳрвандони Эрон Тоҷикистонро ба унвони қаламрави транзитӣ истифода кардаанд, яъне онҳо дар Тоҷикистон ба қочоқи маводи мухаддир машғул нашудаанд, балки ҳадафи онҳо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз қабили Малайзия будааст. Онҳо бештар маводи психотропӣ ё маводи мухаддири синтетикиро аз кишварҳои мухталиф ба таври қочоқӣ дастрас кардаанд ва хостаанд, онро тавассути Тоҷикистон ба кишвари севвум интиқол диҳанд. Масалан, дар соли 2012 аз ду нафари онҳо 62 кило маводи мухаддир бо номи метомфетамин мусодира шудааст. Ин қочоқчиён барои расидан ба ҳадафҳои худ роҳи Тоҷикистонро амнтару роҳаттар донистаанд.

Дар гузориш омадааст, қочоқгарон сол то сол роҳҳои печидатари интиқоли маводи мухаддирро пайдо мекунанд. Онҳо барои ин кор қаламрави кишварҳои ҳаммарзро истифода мебаранд ва гоҳо аз як кишвар ба кишвари дигар паноҳ мебаранд. Чунин равиш кишварҳои минтақаро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад ва онҳо дар танҳоӣ наметавонанд бар зидди қочоқгарон муборизаи муассир анҷом диҳанд.

Бо назардошти ин омилҳо бо кӯмаки Кумитаи байналмиллалии назорат бар маводи мухаддири вобаста ба СММ дар Осиёи Миёна паймоне бо номи “Ташаббуси сегона” ташкил шуд ва ба он Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистон дохил мешаванд. Дар
чаҳорчӯбаи барномаҳои ин паймон воҳидҳои низомии Ожонсиҳои назорат бар маводи мухаддири ин се кишвар ҳақ доранд, дар қаламрави якдигар амалиёти муштарак анҷом диҳанд, то гурӯҳҳои қочоқгарро боздошт ва маводи қочоқиро мусодира кунанд.

СММ дар гузориши худ пешбинӣ мекунад, ки дар соли ҷории 2013 қочоқгарони маводи мухаддир фаъолиятҳои фаромарзии худро густариш медиҳанд. Ба ин далел назорат бар марзи кишварҳои минтақа, ба вижа бар марзи миёни Афғонистону Тоҷикистон бояд таҳким ёбад ва кишварҳои минтақа маълумоти фаврии заруриро дар ихтиёри якдигар қарор диҳанд.

Моҳи маи соли гузашта раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири ин се кишвар дар нахустин ҷаласа барномаи ҳамкориҳои худро дар сатҳи минтақа баррасӣ карданд.

Қисмати бештари гузориши СММ ба ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа, аз ҷумла ҳамкориҳои “Паймони сегона” ихтисос дода шудааст.

Чун Афғонистон яке аз кишварҳои аслии тавлидкунандаи маводи мухаддири ҷаҳон ба шумор меравад, СММ дар ин кишвар барномаҳоеро барои мубориза бо ин мавод ба иҷро даровардааст. Бахшҳое аз ин барнома Тоҷкистони ҳаммарзро низ дар бар мегирад.

Мусодираи маводи мухаддир дар давоми соли гузашта дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон-ду вилояти ҳаммарз бо Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дар шаҳри Душанбе низ нисбат ба солҳои пеш мусодираи ин мавод бештар шудааст.