Мусодираи ҳероин дар қатори роҳи оҳани Тоҷикистон

Рӯзи ҷумъа дар қатори роҳи оҳани Тоҷикистон 4 килограмм ҳероин ёфт шудааст. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамроҳ бо ин миқдори ҳероин роҳбалади ин қатор. Ки зоҳиран муътоди маводи мухаддир аст, боздошт шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, аз аввали соли равон ҳудуди 900 кило ҳероини истеҳсоли Афғонистонро мусодира кардаанд.
Хадамоти федеролии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар сомонаи расмиаш гуфтааст, ки ин миқдор ҳероин тайи се моҳи соли равон аз сӯи кормандони ин ниҳод мусодира шудааст.
Тибқи ин манбаъ, охирин боздошти ҳаҷми бузурги маводи мухаддир рӯзи 12 апрел иттифоқ афтодааст, ки дар пайи амалиёти муштараки вазорати корҳои дохилӣ ва марзбонони Русия аз қатори Кӯлоб – Маскав 4 кило ҳероини истеҳсоли Афғонистон боздошт шуд. Сомонаи ин ниҳод менависад, дар нуқтаи марзии Оқсарой – 1 – и вилояти Аштархон кормандони мақомоти мазкур аз тамбури миёни ду вагон чор зарфи пластикиро ошкор кардаанд, ки ҳар яке 1 кило ҳероин дошт. Ташхис ошкор кардааст, ки ин навъи сахттаъсири ҳероин будааст.
Мақомоти Русия роҳбалади ин қаторро, ки гӯё дар ҳолати мастӣ аз маводи мухаддир будааст, боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои расмӣ, соли 2012 дар Русия 106 тон маводи мухаддир боздошт ва мусодира шудааст, ки ҳамагӣ аз Афғонистон интиқол ёфтаанд.
Қаблан Хадамоти федеролии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нигаронӣ карда буд, ки солона аз нашъамандӣ дар ин кишвар 100 ҳазор нафар мефавтанд.