Номаи сарбози проффесори тоҷик ба Ислом Каримов

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Проффесор ва иқтисодшиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон номаи сарбоз ба нашр расондааст. Номаро хабаргузории Азия Плюс чоп кардааст.

Оқои Умаров аз Каримов хостааст, ки минаҳои манотиқи марзии ҳар ду кишвар чида шаванд, муқаррароти раводид аз миён бардошта шавад, интиқоли бор тавассути марзи ду кишвар соддатар гардад, парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шавад ва ҳаракати қатор миёни ду кишвар барқарор гардад.

Дар ин нома ҳамчунин масъалаҳои дигари беҳбуди муносиботи миёни ду кишвар матраҳ шудааст. Оқои Умаров навиштааст, муносиботи 20 соли ахири миёни ду кишвар миллионҳо нафарро дар ҳар ду кишвар нигарон сохтааст.