Анатолий Фоменко-муовини раиси Хадмоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфтааст, ки вақтҳои ахир нисбат ба солҳои пеш шумораи бештари муҳоҷирони корӣ ба Русия меоянд.
Ба гуфтаи вай, нисбат ба солҳои 2010, 2011 ва 2012 вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия афзоиш ёфтааст. Фоменко дар ин бора рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар Маскав изҳори ақида кард.
Вай ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳоло дар Русия тақрибан 10,5 миллион муҳоҷири корӣ ба сар мебарад. Аз онҳо 2,5 миллион шаҳрвандони Узбакистон, 1,1 миллион аз Тоҷикистон, бештар аз 500 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 1,3 миллион аз Украина ва бештар аз 500 ҳазор нафар шаҳрвандони Молдова будаанд.
Мавсуф гуфтааст, сабаби афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ набуди муқаррароти раводид ё визо бо Русия мебошад.