Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури ҷамъиятӣ Майк Ҳаммер сафараш ба Тоҷикистону Узбакистонро шурӯъ кард, ки то 15-уми апрел идома хоҳад дошт. Рӯзи душанбе сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки Ҳаммер шоми якшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки ӯ бо рӯзноманигорон, мансабдорони ҳукуматӣ, донишҷӯён ва пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандии ду кишвари Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ хоҳад дошт. Рӯзи душанбе ҳамчунон мулоқоти Ҳаммер бо раиси хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон ва сухангӯи вазорати корҳои хориҷии ин кишвар мадди назар аст, ки дар он озодии матбуот ва интернет баҳс хоҳад шуд. Рӯзи сешанбе Ҳаммер озими Узбакистон хоҳад шуд.