Нави Пиллай масъули ҳуқуқи инсон дар Созмони Милал аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хост, боздоштгоҳи Гуантанаморо бубандад, ки дар он муттаҳамон ба терроризм нигаҳ дошта мешаванд. Нави Пиллай рӯзи ҷумъа бо нашри баёнияе гуфт, “идомаи ҳабси бисёре аз бандиён, баробар бо боздошти худсарона аст, ки ин кор нақзи возеҳи қонуни байналмилалист.” Нави Пиллай аз гуруснанишинии ахири 40 бандии Гуантанамо ёд карда ва онро “амале аз ноумедӣ” хондааст. Амрико дар боздоштгоҳи Гуантанмо то кунун 166 бандии дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро нигаҳ медорад. Нави Пиллай мегӯяд, баъзе аз бандиён бештар аз як даҳсола аст, ки дар Гуантанамо мепӯсанд ва аз он ки Амрико ин боздоштгоҳро набаст, бисёр маъюс шудааст.