Ҳалокати як фармондеҳи ОМОН дар Ингушистон

Бар асари таркиши бомби худсохт муовини фармондеҳи нирӯҳои вижаи пулиси Ингушистони Русия кушта, дастикам як узви дигари ОМОН сахт захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса дар наздикии рустои Галашки, ки мақомоти амниятӣ дар як ҷангал машғули амалиёт алайҳи як гурӯҳи ғайриқонунӣ буданд, рух додааст. Таъқиби аъзои ин гурӯҳ идома дорад. Ингушистон ва ҷумҳуриҳои дигари Қафқози шимолӣ –Доғистону Кабардаву Балқар ва Чеченистон - ҳамчунон рӯбарӯ бо хушунатҳои марбут ба тундравони исломӣ ва гурӯҳҳои ҷиноӣ боқӣ мемонанд. Маскав мехоҳад ин минтақаро то бозиҳои олимпии соли 2014 дар Сочӣ ором кунад.