Модари Шодиев 180 000 сомонӣ ҷуброн мехоҳад

Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг

Модари Баҳромиддин Шодиев, ки гуфта мешавад, моҳи октябри соли 2011 дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бар асари шиканҷа даргузаштааст, бо талаби 180 000 сомонӣ, муодили қариб 38 000 доллар аз вазорати умури дохила барои марги фарзандаш ба додгоҳи Шоҳмансур даъво бурдааст. Ин севумин мавриди аз мақомот ҷуброн хостани хонаводаҳои онҳоест, ки дар боздошт даргузаштаанд. Моҳи март додгоҳ вазорати дохиларо ба пардохтани 46 500 сомонӣ ҷуброн ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов муваззаф кард. Қаблан ҳамсари Исмоил Бачаҷонов аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ товон рӯянда буд. Марги Шодиеву Сангов ва Бачаҷонов дар боздошт аз пурсарусадотарин мавридҳое буд, ки мавзӯъи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро расонаӣ кард.