Вазири молияи Қибрис ба истеъфо меравад

Михалис Саррис

Михалис Саррис

Вазири молияи Қибрис Михалис Саррис изҳор намуд, ки ба истеъфо меравад. Ӯ сабаби тасмими худро эълон накардааст.

Ахирҳои моҳи март Михалис Саррис дар Маскав дар мавриди кӯмаки молиявии Русия ба Қибрис музокирот анҷом дод ва аммо ба ӯ мутмаин сохтани мақомоти Русия барои сармоягузорӣ ба бахшҳои бонкӣ ва истихроҷи гази Қибрис муяссар нашуд. Ба иттилои Би-би-си, Москав аз ироаи шашу ним миллиард доллар ба Қибрис сарпечӣ кардааст.

Имрӯз раисиҷумҳури Қибрис Никос Анастасиадис барои тафтиши сабабҳои бӯҳрони молиявӣ дар кишвар коллегияи додгоҳӣ таъсис дод.