Арафамоҳ Сафарова, як зани куҳансол аз ноҳияи Данғара, дар айёми пиронсолӣ нахустин маҷмӯаи шеърҳояшро бо номи «Ҳаваси пирӣ» нашр кард.
Сарфи назар аз он ки синну соли Арафамоҳ Сафарова ба 80 наздик шудааст, вай бо зиндадилӣ, садои қавию ширадор ва санъати баланди рақси худ дар миёни сокинони Хатлонзамин маҳбубият дорад.
Ин зани бознишаста, ки сокини яке аз рустоҳои ноҳияи Данғараи Тоҷикистон аст, дар баробари овозхони мардумӣ буданаш, ҳамчунин, дар синни бознишастагӣ дар худ ҳунари наве кашф кард, ки шоирист:
Менависам сатрҳо аз кору бори зиндагӣ,
То бимонад ҷовидон дар кулвори зиндагӣ.
Медавем дар шоҳроҳи орзуҳояш мудом,
Пешпо хӯрдем бас дар корзори зиндагӣ.
Ғулом Исоев, раҳбари маҳфили эҷодкорони мавсум ба «Офтоб» дар ноҳияи Данғара, мегӯяд, бо мутолиаи шеърҳои навқаламонаи ин зани солманд, аммо барнодил, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳанӯз ҳам шарораи ишқи ҷавонӣ дар дили ӯ аланга дорад. То имрӯз тамоми ҷавонони дилдода дар Данғара сарнавишти Арафамоҳро барои худ намунаи ибрат медонанд.
Арафамоҳ Сафарова бо сурудани бадеҳаю рақси «Духтари озод» дили ҳазорон мухлисашро дар солҳои 50-ум тасхир карда буд. Ҳатто ҳамсарашро, ки низ ходими муассисаи фарҳангӣ буд. Қиссаи ишқи ин ду нафар, ки талошҳои бемисле барои ба висоли ҳам расидан ба харҷ додаанд, боиси хашму нофаҳмиҳое дар ҷомеаи солҳои 50-уми асри гузашта ҳам гардида: «25-солагии Тоҷикистон буд. Кишварамон тӯй дошт ва маро, ки дар чанд озмун баранда шуда будам, ҳамроҳи дигар ҳаваскорон аз Балҷувон ба Сталинобод даъват карда буданд. Подшоҳи Афғонистон ҳамроҳи овозхонҳои афғонӣ омада буданд. Ҳамин мӯйсафед ҳам ҳамроҳи 4 сароянда тарона хонданд дар он чорабинӣ. Вай маро дида, ошиқ шудааст. Фиребам дод ва маро дуздида, ба Варзоб бурд, дар хонаи як милисаи ошнояш пинҳон кард. 7 рӯз нопадид шуд, маълум шуд, ки ӯро ходимони милиса барои дуздии ман боздошт карда будаанд. Баъд ӯро ҷавоб доданду маро гирифта ба зодгоҳаш, ба Данғара, овард ва бо вуҷуди азобу монеаҳои зиёд ба висоли ҳам расидем.»
Арафамоҳ мегӯяд, инак беш аз 60 сол аст, ки бо ҳамсараш Ҷӯра Тағоев зиндагии муштарак дошта, бо ҳам соҳиби 11 фарзанд шудаанд. Ҳоло ин зан ҳамсари бемору бемадори худро парасторӣ карда, як силсила шеърҳояшро дар маҷмӯаи «Ҳаваси пирӣ» ба бобои Ҷӯра бахшидааст:
Ҷӯра шуд бемору ман бемордорӣ мекунам,
Гирди вай мегардаму ҳам ғамгусорӣ мекунам.
Шаст соли умри мо бо ҳам ширин будааст,
Ӯ ба ман хеле азиз аст, дасти ёрӣ мекунам.
Бобои Ҷӯра, ки ҳоло наздики 90 сол дорад, мегӯяд, дар зарфи 60 соли оиладорӣ бо Арафамоҳ, ҳеҷ гоҳе бо ӯ ҷангу ҷидол надошт ва сарфи назар аз ин ки мардумони асри 20 санъаткории занонро хуш қабул намекарданд, вай монеи кори завҷаи худ нашудааст: «Ҳеҷ ёд надорам, ки ҷангу ҷанҷол шуда бошем. Зиёд дӯсташ медоштаму медорам ва асло пеши роҳашро нагирифтам. Ихтиёр ба худаш буд, чун ба садоқату покдоманиаш эътимод доштам. Вақте Арафамоҳро ба хона оварда будам, падарам пурсид, ки ӯ кист? Гуфтам, ки келини ояндаат. Баъд мефаҳмам, ки волидонам аллакай ба хонаи як ҳамдеҳаамон хостгорӣ рафта, маслиҳати тӯй кардаанд. Падарам сарзаниш кард, ки бе иҷозаташ ба хона духтар овардам. Он вақт ин амали моро «шармандагӣ» арзёбӣ мекарданд, ҳама маҳкум менамуданд. Қариб як моҳ падару модари ману Арафамоҳ қаҳр карда, бо мо ва бо якдигар гап намезаданд. Аммо баъд ба тақдир тан дода, моро дуои нек карданд.»
Ҳамакнун Арафамоҳ Сафарова, ки аз сокинони ифтихории ноҳияи Данғара аст, шеър менависаду гулдӯзӣ мекунад ва ҳарчанд боварнакарданист, тарбияи беш аз 50 набераю абераашро ҳам худ ба дӯш гирифтааст.
Ҳоло тамоми аҳли деҳ қабл аз анҷом додани корҳои хайр, мисли рафтан ба хостгорӣ ё барпо кардани тӯйи фарзандон ва ҳамчунин, ҷавонони дилдода ба хонаи момои Арафамоҳ ва бобои Ҷӯра, ки зиндагиашон намунаи барҷастаи муҳаббати самимист, омада, дуои нек металабанд.
Момои Арафамоҳ ҳам дасти дуо мебардорад: «Илоҳо омин, камолоти умратон, тани сиҳат, дили беғам, вақти хушатон диҳад Худо. Парвардигоро иқболатон диҳад, дасти дарову ризқи фарозатон диҳад, аз ҳама болотон кунад. Хӯҷаи Хизр назаратон кунад, Баҳоваддини балогардон ҳамеша аз қафоятон бошад, давлати гарон ёратон шавад, чӣ муроду мақсаде доред, ҳосил шавад. Ҳамеша хонаатон тӯйхона бошад. Омин!»
Ин зани бознишаста, ки сокини яке аз рустоҳои ноҳияи Данғараи Тоҷикистон аст, дар баробари овозхони мардумӣ буданаш, ҳамчунин, дар синни бознишастагӣ дар худ ҳунари наве кашф кард, ки шоирист:
Менависам сатрҳо аз кору бори зиндагӣ,
То бимонад ҷовидон дар кулвори зиндагӣ.
Медавем дар шоҳроҳи орзуҳояш мудом,
Пешпо хӯрдем бас дар корзори зиндагӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад