Дафтари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар Хоруғ, ки дар ҳодисаҳои хунини моҳи июли соли соли 2012 оташ гирифта буд, ҳамакнун дубора фаъол шудааст. Муслима Броимшоева, раҳбари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 1-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки таъмиру тармими бинои Дафтари ҳизб, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, ба анҷом расид ва бо маблағгузории ҳудуди 14 ҳазор сомонӣ, дару тирезаҳои шикаста ва деворҳои тирхӯрда тармим шуданд. Муслима Броимшоева мегӯяд, биное, ки дар он дафтари ҲНИТ қарор дорад, дар паҳлӯи наздиктари қисми ҳарбии Вазорати дифоъ ҷой дошт ва аз ин рӯ дар ҳодисаҳои тобистони соли гузашта тиру гулулаҳо ба он бархӯрданд. Ба нақли хонум Броимшоева, ҳоло дар бинои таъмирдида семинару конфронсҳо баргузор мешавад ва мисли даврони пеш аз нороромиҳо, ба фаъолияти маъмулӣ идома медиҳад. Зимнан, барои таъмири бинои мазкур, ки дар он як ошхона ва дафтарҳои муассисаҳои дигар низ ҷой доранд, ҳукумати шаҳри Хоруғ 4 ҳазор сомонӣ ихтисос додаст. Дар ҷараёни амалиёти неруҳои давлатӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ, рӯзи 24-уми июл Шерик Карамхудоев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Хоруғ боздошт шуд ва ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ҷараёни ин амалиёт ба нирӯҳои давлатӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. Аз замони боздошт то кунун Шерик Карамхудоев дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба сар мебарад ва интизор меравад парвандаи вай дар рӯзҳои наздик ба Додгоҳи олӣ ирсол гардад.