1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафҳои артиши кишвар шурӯъ шуд.
Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, моҳҳои апрел-майи соли 2013 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин, шаҳрвандони синну соли калонтари Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба артиш даъват мегарданд.
Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2013 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Дар асоси ин фармони президенти Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
Зимнан, Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радио омодагӣ дастур гирифтаанд, ки рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос карда, хизмати ҳарбиро дар артиш ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд. Инчунин, Вазорати тандурустӣ муваззаф шудааст, ки барои анҷомдиҳии муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар табибону мутахассисони ботаҷрибаро ҷалб созад.