Беш аз 5 миллион сомонӣ барои мубориза бо малах

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нахустин нишасти ситод алайҳи густариши малах дар киштзорҳои навоҳии кишварро баргузор кард.

Дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ 28-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи чоршанбе нишасти ситоди ин вазорат бо ширкати раёсатҳои хоҷагиҳои кишоварзии навоҳӣ ва вилоятҳо баргузор шуд, ки дар он барномаи омодагӣ барои пешгирӣ аз афзоиши малах баррасӣ гардид.

Ба таъкиди манбаъ, барои маҳви малах аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо сарфи ин миқдор маблағ мутахассисони соҳаи кимиёвии кишоварзӣ ҳудуди 410 гектар киштзорро мавриди бозбинӣ қарор дода, ба 140 гектар майдони кишт ва махсусан нуқтаҳои тухммонии малахҳо, бояд заҳр пошанд.

Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи киштзорҳо аз ҳамлаи малах ду сол пеш аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи давлатии мубориза бар зидди малах барои солҳои 2011 -20015» қабул гардида буд.