3 муҳассили тоҷик дар Маскав барандаи ҷоиза шуданд

Дар шаҳри Маскав олимпиадаи интернетӣ таҳти унвони «Нанотехнология — ҷаҳиш ба оянда» дар се бахш барои хонандагони мактаб, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишомӯзони пажӯҳишгоҳҳои соҳаи нанотехнология баргузор гардид, ки се хонандаи гимназия-интернати муштараки Тоҷикистону Русия «Ҳотам ПВ» барандаи ҷоизаи ин озмун шуданд.

Хурсанд Ёров, устоди гимназия-интернати «Ҳотам ПВ», 28-уми март ба радиои «Озодӣ» гуфт, Умеда Мирова - хонандаи синфи 10, Илҳомҷон Баҳодурзода ва Дониёр Ғолиев - хонандагони синфи 9-и таълимгоҳи мазкур дар ин олимпиадаи байналмилалӣ ғолиб омаданд ва соҳиби ҷоиза гардиданд.