Маркази ҷумҳуриявии эмгузаронии Вазорати тандурустӣ, барои омодагии хонаводаҳои Тоҷикистон ба маъракаи эмгузаронӣ, ҳафтаи фаҳмондадиҳӣ эълон кард. Шамсиддин Ҷобиров, директори Маркази ҷумҳуриявии эмгузаронии Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки ниҳоди онҳо дар якҷоягӣ бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барномаи махсус барои фаҳмондадиҳии аҳамияти эмгузарониро рӯи даст гирифтанд. Барномаи мазкур бо пуштибонии молии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт сурат гирифта, аз 22 то 27 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.
Шамсиддин Ҷобиров бо такя ба маъракаҳои эмгузаронии солҳои гузашта мегӯяд, ки дар натиҷаи беаҳамиятии волидон дар навоҳию деҳоти кишвар, баъзе хурдсолон аз воксинзании бемориҳои хатарнок берун монданд. Вай меафзояд, ки ҳадафи барномаи фаҳмондадиҳӣ, ҷалби хонаводаҳо ва иқдоми онҳо барои сӯзандорузании фарзандонашон ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои хатарнок, ба мисли фалаҷшавии кӯдакон, сурхакон ё гулафшонӣ, гулузиндонак ва дифтерия мебошад.
Барои татбиқи ин барнома ҳамаи ниҳодҳои беҳдоштии кишвар омода шудаанд то дар ҷаласаву семинарҳо ба мардум аҳамияти воксиназаниро ташвиқ кунанд. Ба нақли Шамсиддин Ҷобиров, вақте кӯдакон воксинаҳоро ба тарзи боиста қабул накунанд, дар оянда бадани онҳо ба норасоии масуният дучор шуда, боиси гирифторӣ ба беморҳои хатарнок хоҳанд шуд.
Дар моҳи апрели соли 2011 дар Тоҷикистон воксиназанӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдак анҷом дода шуда буд, ки дар он беш аз 1 миллион хурсоли то 5-сола фаро гирифта шуда буд.