Сил аз сироят бозмонд, аммо мубталоён ҳанӯз зиёданд

Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 24-уми мартро ҳар сол ба ҳайси Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории сил ёд мекунанд, ки бемории сироятӣ ва умдатан иҷтимоӣ буда, пас аз ВИЧ/СПИД, аз ҳама бештар боиси ҳалокати инсонҳо мешавад.
Танҳо дар соли 2011 бемории мазкур дар саросари ҷаҳон 1 миллиону 400 ҳазор нафарро куштааст. Дар Тоҷикистон, ки то соли 2009 дар миёни ҳар 100 ҳазор нафар бештар аз 88 нафар гирифтори сил буданд, ин рақам дар соли 2011 то 78 нафар коҳиш ёфт. Аммо мутаассифона марг бар асари беморӣ дар Тоҷикистон назар ба гузашта афзоиш ёфтааст.

Тибқи омори вазорати тандурустӣ, дар Тоҷикистон соли 2012 ба ҳисоби миёна аз сад ҳазор аҳолӣ 4 нафар ба иллати гирифторӣ ба бемории сил фавтидаанд. Ба гуфтаи вазорат, ҳарчанд дар ду соли ахир гирифторӣ ба бемории сил камтар шудааст, вале бинобар душвор боқӣ мондани вазъи иҷтимоӣ ва норасоии хӯроки серғизо, шумораи мубталоёни ин беморӣ ба миқдори қобили мулоҳиза коҳиш наёфтаанд.

Анвар Солиев, як муҳоҷири 26-солаи тоҷик мегӯяд маҳз пас аз чанд соли кор дар Русия ба бемории сил гирифтор шудааст: “То ҳамин 26 солагиам ягон ҷоям дард намекард, ман ҳатто зуком нашуда будам. Аммо баъди аз Русия баргаштам сурфаю зуком пайдо шуд ва як моҳ давом кард. Модарам гуфт, ки рафта ташхис кунам, чунки зуком як моҳ давом намекунад. Баъди ташхис кардан маълум шуд, ки ман ба бемории сил гирифтор шудаам.”

Темур Аптекар, роҳбари лоиҳаҳои созмони “Hope», ки ба давлати Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо бемории сил кӯмак мекунад, рӯзи 24-уми март дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо ин беморӣ пешрафт кардааст: “Ҳоло сатҳи сатҳи сирояти сил дар Тоҷикистон муътадил шуд ва ҳатто тамоюли коҳиш ёфтани он ба чашм мерасад. Бояд гуфт, ки сил бемории сахти иҷтимоӣ-иқтисодӣ аст ва он гурӯҳ одамоне, ки зиндагии фақирона доранд, бештар гирифтори ин беморӣ мешаванд.”

Дар Тоҷикистон муҳоҷирон маъмулан гурӯҳи осебпазир аз бемории сил дониста мешаванд, чунки вале дар шароити сахте дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Ҷаноби Аптекар афзуд, намешавад гуфт, ки танҳо муҳоҷирон гирифтори сил мешаванд, чунки ба бемории сил бар ҳар нафар метавонад сироят кунад, вале чун муҳоҷирон дар шароити сахттар ба сар мебаранд нисбат ба бемории сил осебпазир ҳастанд.

Як омили ташвиши табибон ва созмонҳои байналмилалии беҳдоштӣ, хуруҷи навъи муқовим ба доруи бемории сил аст, ки дар Тоҷикистон зиёд аст ва мубталоён бештар аз ҳамин беморӣ мефавтанд. Тибқи омори вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон соли 2012 беш аз 5 ҳазор нафар бори аввал ҳамчун бемори сил сабт шудаанд.

Бар асоси иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, дар соли 2012 дар саросари Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор гирифтори бемории сил ба қайд гирифта шуд, ки аксари онҳо аз 15 то 45 сол дошта, беш аз 350 нафарашон зиндонӣ буданд.