Абдуллоҷоновро озод накарданд

Абдумалик Абдуллоҷонов

Абдумалик Абдуллоҷонов

Додгоҳи таҷдиди назари Киев сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷоновро дар ҳабс боқӣ гузошт. Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Бориспол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шевченкои пойтахти Украина рӯзи 15 март ҳукм баровард, ки ӯ то замони баррасии масъалаи истирдодаш ба Душанбе дар ҳабс бимонад. Вакилони Абдуллоҷонов аз ин ҳукм шикоят бурданд, вале додгоҳи таҷдиди назар рӯзи 21 март ҳукми ҳабси истирдодии ӯро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Абдуллоҷонов дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои сангине, чун куштор, сирқати пул ва талоши ғасби давлат айбдор мешавад. Худи ӯ ин иттиҳомотро сиёсӣ меномад. Абдуллоҷонов дар солҳои 1992-1993 сарвазири Тоҷикистон буд, вале баъди рақобат бо Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии соли 1994 тарки кишвар кард.