Рӯзи чоршанбе, тибқи анъана, мардуми Хоруғ ба маросими «чидирдъед» - хонатакконӣ пардохтанд.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар ин рӯз ба ҳашар баромада, дар тозагию ободии шаҳр ҳисса гузоштанд. Дар қатори кормандони 10 ширкати сайёҳӣ бо даъват ва ташаббуси онҳо дар «шаҳртакконӣ» донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва иддае аз донишҷӯёни Донишгоҳи Хоруғ низ ширкат варзиданд.
Роҳбари Ассотсиатсия экофарҳангии «Помир» Асадшо Зоолшоев гуфт, ки дар ҳашар қариб 500 нафар ширкат варзида, кӯчаҳои шаҳр, бахусус хатсайреро, ки сайёҳон аз ҷоҳо пойи пиёда сайругашт карданро дӯст медоранд, тоза карданд. Ширкатҳои сайёҳӣ, ки бар асари ҳаводиси тобистони соли гузаштаи Хоруғ хисороти молии зиёде диданд, мегӯянд, ки онҳо аз ҳоли ҳозир ба қабули сайёҳон омодагӣ мебинанд ва умедворанд, ки мавсими сайёҳии имсола барояшон бобарор хоҳад буд.
Асадшо Зоолшоев афзуд, «ҳодисаҳои соли гузаштаи Хоруғ ба фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ таъсири хеле зиёд гузоштанд. Мо умед дорем, ки имсол сайёҳони бештаре ба вилоят меоянд ва ба ин хотир мо ҳоло чорабиниҳои иттилоотӣ ва экологиро доир намуда истодаем, то сайёҳон бовар дошта бошанд, ки дар ҷумҳурӣ оромӣ аст ва мо ба пазироии онҳо омодагӣ мегирем.»
Ба иттилои Ассотсиатсия экофарҳангии «Помир», моҳи март ассотсиатсия аллакай 13 сайёҳи хориҷиро ба қайд гирифт, ки шаҳрвандони Олмон, Амрико, Австралия, Ҷопон ва Булғористон мебошанд.
Аммо, ба гуфтаи сарвари меҳмонхонаи «Помирлоҷ» Саидазиз Илолов, сайёҳон ҳанӯз аз монеаҳое шикоят меварзанд, ки боиси густариши сайёҳӣ дар минтақа шудааст. Вай гуфт, «аввалан гузаргоҳи Қулма бояд барои шаҳрвандони хориҷӣ боз шавад, ки айни ҳол аз он фақат шаҳрвандони тоҷику Чин ҳаққи убур доранд ва лағви маҳдудият метавонад сайёҳони бештареро ба минтақа ҷалб кунад. Дигаре лағви маҳдудияти сафар барои сайёҳон ба Сарез ва бекор кардани иҷозатномаи махсуси сафар ба вилоят, ки бархе аз сайёҳон ҳанӯз ба ин мушкилот дучор мешаванд.»
Соли гузашта ба асари ҳаводиси Хоруғ бештар аз 60 меҳмонсаро дар шаҳру навоҳӣ холӣ монда, ширкатҳои сайёҳӣ маҷбур шуданд, маблағи бархе аз мизоҷонро, ки пешпардохт карда буданд, баргардонанд.
Ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, соли 2011 бештар аз ду ҳазор сайёҳ аз минтақа дидан кардаанд ва ҳоло ширкатҳои сайёҳӣ умедворанд, ки бо эътидоли авзоъ ва лағви маҳдудиятҳо сайёҳон аз нав ба минтақа рӯ меоранд.